РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд

Сентябрь 26, 2026 10:24

ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то шаҳри Душанбе дар 3-4 шабонарӯз мерасиданд, имрӯз сафар тавассути ин роҳ дар муддати 8-10 соат анҷом дода мешавад. Дар ин давра рафтуомади сокинони вилоят, меҳмонон ва сайёҳон аз маркази шаҳри Душанбе то шаҳри Хоруғ нисбат ба солҳои 90-уми асри гузашта куллан тағйир ёфта, беҳтар ва бехатар гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти ироияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар доданд.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар қаламравӣ вилоят 55 пул ва 190 километр роҳҳо таҷдид ва навсозӣ карда шуданд. Дар вилоят 1300 километр роҳҳо аҳаммияти байналмилалӣ дошта, Тоҷикистонро бо се давлати ҳамсоя мепайванданд.

Дар доираи лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳудуди вилоят сохтмони роҳи Қалъаихумб – Ванҷ – дарвозаи Рӯшон идома дошта, сохтмони пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд дар мавзеи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ ба масофаи 200 метр бо арзиши 104796,0 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 27 июни соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди 3,4-километраи мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо долонҳои зиддитармавӣ ба масофаи 550 метр ва 1 пули мошингузар бо масофаи 82 метр ба таври маҷозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ин қитъаи роҳ мутобиқ ба талаботи замон бунёд шуда, дорои аҳамияти байналмиллалӣ буда, ҷузъи муҳими шоҳроҳи стратегии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма ба ҳисоб меравад. Он Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути гузаргоҳи сарҳадии Кулма мепайвандад.

Инчунин дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят 20 муассисаи корхонаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 3 муассисаи нақлиётӣ, 10 терминали мусофирбарӣ ва 7 терминали боркашонӣ ташкил карда шуд. Дар солҳои аввали истиқлолият ҳамагӣ 3 муассисаи нақлиётӣ дар шаҳри Хоруғ мавҷуд буд.

Дар соли 2025 ҳаҷми боркашонӣ 1380,3 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 1993 11,9 маротиба зиёд мебошад. Ҳамчунин саҳми назарраси давлат дар рушди иқтидори нақлиётӣ-логистикии вилоят низ назаррас аст. Соли 2025 ҳаҷми боркашонӣ 1 380,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 (412,4) 3,3 маротиба зиёд мебошад. Инчунин ҳаҷми мусофиркашонӣ ба 18 миллиону 660 ҳазор мусофир расидааст, ки 2,9 маротиба нисбат ба соли 2020 зиёд аст.

Беҳтар гардидани ҳолати роҳҳои автомобилгард дар вилоят боиси таъмини эҳтиёҷоти шаҳрвандон ба хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дастрасии ҳамаҷонибаи онҳо гардид. Он инчунин барои таъмини шароити бехатари интиқол додани бору мусофирон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам овардааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 26, 2026 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст