«САЁҲАТ БА ХОТИРИ СУЛҲ». Асарҳои рассоми тоҷик Пайрав Гулов дар Бишкек ба намоиш гузошта шуданд

Июнь 17, 2019 16:38

ДУШАНБЕ, 17.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон  аз 12 то 17 июни соли равон дар намоишгоҳи  байналмилалӣ таҳти унвони  «Саёҳат ба хотири Сулҳ» асарҳои рассоми тоҷик Пайрав Гулов ба намоиш гузошта шуданд. Рассом дар ин намоишгоҳ ду асари худ- «Мақбараи Шоҳи зинда» ва «Самарқанди кӯҳан»- ро манзури меҳмонони ин чорабинии сатҳибаланди  байналмилалӣ гардонид.

Тавре аз марказ матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рассоми хушсалиқаи тоҷик Пайрав Гулов  чандин маротиба дар намоишгоҳи рассомии кишварҳои СҲШ  ва дигар давлатҳои ҷаҳон иштирок кардааст. Ба  маҳсули   ин ҳунарманди мониқалам  аз ҷониби тамошобинон  баҳои баланд дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар намоишгоҳи  мазкур 45 рассом  аз 22 давлати ҷаҳон иштирок намуда, асарҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Июнь 17, 2019 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт