ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июн, чоршанбе, 170-умин рӯзи соли 2019 аст

Июнь 19, 2019 08:00

19 июни соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» мавриди истифода қарор дода шуд.

***

2 сол пеш, 19 июни соли 2017 дар Қасри миллат дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушд ҳолати вақт ва дурнамои ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку» маросими супоридани «Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ» ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

19 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии футболи кӯдакона.

***

Дар ИМА — Рӯзи озод намудани ғуломон.

***

Дар Кувайт иди умумимиллӣ — Рӯзи истиқлолият

 РӮЙДОДҲО:

 19 июни соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсзян- Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. 

***

 6 сол қабл, 19 июни соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои хизматрасонии «ТОҶ СИТӢ»- ифтитоҳ гардид.

***

19 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор гардид.

***

87 сол муқаддам, 19 июни соли 1932 дар Австрия фаъолияти ҳизби миллатгароён қатъ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1938 дастаи мунтахаби Италия чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Дар мусобиқаи финалӣ онҳо тавонистанд дастаи пурқуввати ҳарифашон-Венгрияро бо ҳисоби 4:2 шикаст диҳанд.

***

19 июни соли 1968 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи амнияти кафолати ваколати кишварҳое, ки яроқи ҳастаӣ надоранд, қатънома қабул кард.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1962 аввалин Анҷумани зиёиёни Тоҷикистон баргузор гардидааст.

***

Соли 1944 дар Англия кабобе омода карда шуд, ки зиёда аз 880 метр дарозӣ дошт ва ба китоби «Рекорди ҷаҳон» ворид карда шуд.

 

Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Июнь 19, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 апрел, панҷшанбе, 118-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, сешанбе, 116-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, душанбе, 115-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, якшанбе, 114-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, шанбе, 113-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, ҷумъа, 112-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, панҷшанбе, 111- умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, чоршанбе, 110- умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, сешанбе, 109- умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, душанбе, 108-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, якшанбе, 107-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, шанбе, 106-умин рӯзи соли 2022 аст