«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ! ҶАВШАНИ МО, МАХЗАНИ МО, ОФТОБИ РАВШАНИ МО БОШ!». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло бахшида ба 22-солагии Ваҳдати миллӣ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон

Июнь 26, 2019 09:17

ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чун сухан аз озодӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, сараввал Ваҳдати миллӣ пеши назарамон меояд. Дар мавриде, ки аз Ваҳдати миллӣ меандешем, аввалин ҳадаф ва дастоварди онро дар Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебинем. Яъне ин ду мафҳум — Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ аз ҳам ҷудоинопазиранд, муттакои ҳамдигар, гарави мавҷудияту пирӯзиҳои ҳамдигар ҳастанд.

Мо агар рӯзгори навини миллати тоҷикро мисли маҷрои дарёе тасаввур намоем, як соҳили ин дарё агар Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бошад, як соҳили дигари мустаҳкамаш, бидуни шубҳа, Ваҳдати миллии халқи мост. Ва ё агар  бихоҳем Симурғи бахти миллатамонро  дар авҷи само парафшон бубинем, бояд  як боли қавии онро аз Истиқлолияти давлатӣ ва боли дигарашро ҳатман аз Ваҳдати миллӣ бунёд намоем, зеро ин мурғи хуҷаста, бе ин ду бол ҳаргиз қавӣ ва баландпарвоз нахоҳад буд.

Ваҳдат ва истиқлолият ду вожаи барои халқи мо  муқаддас, ду вожаи муҷалло ва нурафшоне, ки барои миллати куҳанбунёди  тоҷик  арзишҳои баланди тақдирсоз доранд. Рӯшноӣ ва гармии ин ду вожа ба зиндагӣ ва ҳастии мо нур,  ба равонамон гармӣ эҳдо мекунанд. Ин ду вожа, на танҳо роҳи ояндаи халқу мамлакати  моро равшан сохтаанд, балки ҳарду сипари баэтимоди бовар ва бехатарии миллатамон маҳсуб меёбанд, албатта дар сурате, ки мо ҳамеша онҳоро ҳифз намоем, ба қадри онҳо бирасем. Ду вожае, ки мо мебоист онҳоро чун хун дар шарён ва чун нафас дар димоғамон ҳамеша покиза нигаҳ дорем.

Ваҳдат, ки маънояш ягонагӣ, яке будан, аз як гиребон сар баровардан, як ҳадафи миллиро пайгирӣ кардан аст, бунёд ва зербунест, ки бидуни он ҳеҷ халқ ё миллате наметавонад ба орзуҳои муқаддаси миллии худ, хусусан ба Истиқлолияти давлатӣ бирасад. Ва дар оғози Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистони навини мо сараввал таъсис ёфтани ташкилоте бо номи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон амале буд бамаврид ва хирадмандона.  Мо дидем, ки ин ҳаракати умумихалқӣ чӣ нақши бузург дар бунёд ва таҳкими истиқлолиятамон бозид. Онро сарҷамъ карду ба мақсадҳои наҷиб раҳнамоӣ намуд. Дар луғатҳо низ омадааст, ки иштироки ҳама афроди миллат дар амал ва мақсад ваҳдат ном дорад.

Инак бисту ду сол аст, ки Ваҳдати миллии тоҷикон чун сипари баэътимоди Истиқлолити давлатии ватанамон хизмат мекунад. Аммо Ваҳдати милливу Истиқлолияти давлатӣ ба чӣ асос меёбанду кафолати пойдории онҳо дар чист? Ба андешаи банда, ин кафолат пеш аз ҳама, дар ҳадафҳои бузург, мақсадҳои наҷибу  хайрхоҳонаву инсондӯстона, сиёсати дурусти Ҳукумату давлатдории тоҷикон ва бештар аз он, дар хираду нерӯи қавӣ ва созандаи халқи мамлакат  зоҳир мешавад.

Комёбӣ ва пирӯзиҳое, ки дар тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда шуданд, замина ва раҳнамояшон, агар аз як ҷониб ҳадафҳои баланди миллӣ бошанд, аз ҷиҳати  дигар бунёди халқи нексиришту хайрхоҳ ва амниятпарвари тоҷик аст. Миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни мо дар сиришти инсонии худ некойину сулҳпарвару башардӯст аст. Ҳамин хусусияти миллӣ, бидуни шубҳа, раҳнамои сиёсати давлатдории  мамлакатамон  гардида, обрӯву нуфузи он, симои маънавию воқеии онро дар арсаҳои байналмиллаливу ҷаҳонӣ муайян намудаанд.

Ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки дар тӯли рӯзгори кӯтоҳи гузашта дар замони Истиқлоияти давлатиамон се ҳадафи стратегии Давлат ва халқамон: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти эрнергетикӣ ва амнияти озуқавориро пайгирӣ ва амалӣ  намоем.  Иҷрои ҳадафҳои номбурда, хусусан истиқлолияти энергетикӣ,  имкон додааст, ки имрӯз дар пешорӯи халқ ва ҷумҳуриамон ҳадафи нави стратегияи миллӣ- саноатикунонии мамлакат гузошта шавад. Иҷрои ин ҳадафи бузурги миллӣ боз як қадами бузург ба ҷониби фардои дурахшон, эҳёи навини Тоҷикистон ва бунёди давлати муваффақ ва сатҳи баланди зиндагии мардум хоҳад буд.

Худи таърихи гарон ва пурмаҷарои халқамон ҳамеша моро ба Ваҳдати миллӣ, ба ягонагиву сарҷамъӣ, бо ҳам будан ва чун сипар хестан алайҳи душманонамон ҳидоят менамуд. Аз ин рӯ,  расидан ба қадри ин дастоварди бузург, пуштибонӣ аз он аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар сокини ин диёр, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Аз ин рӯст, ки Пешвои миллатамон Ваҳдати миллиро «дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватанамони маҳбубамон»  номидаанд.

Беҳуда нест, ки назарияи Ваҳдати миллӣ ҳанӯз аз замонҳи қадими таърихӣ дар осори саромадони илми ҷаҳон Афлотун, Абӯнасри Форобӣ, Ибни Ҳалдун, Томас Гобс, Жан Жак Руссо ва ахиран мутаффакири тоҷик Аҳмади Дониш таҳқиқи илмию фалсафӣ ёфтааст. Ба андешаи ин бузургон хушбахтии ҷомеа, низоми муносибатҳо ва ҳастии муназзами онҳо ба ваҳдату ягонагӣ, яъне армони дерини одамизод — ваҳдат вобастагӣ дорад.

Албатта, бояд гуфт, ки танҳо таманно ва ифтихор аз Ваҳдати миллӣ кам аст. Барои пойдорӣ ва қавӣ сохтани пояҳои Ваҳдати миллӣ, бидуни баҳс, боз мебоист омилҳои  дигареро низ пайгирӣ кард, ки яке аз муҳимтарини онҳо худшиносии миллии халқи мост, ки дар сиёсати давлатдории кишварамон воқеан аз оғоз ҳадафнок пайгирӣ мешавад. Яъне шинохти ҳувияти миллӣ, дарки рисолати миллӣ аз асоситарини шартҳои расидан ба Ваҳдати миллист.

Омилҳои дигари пойдории ваҳдату истиқлолият ба андешаи мутафаккирони гузаштаву имрӯза адолати иҷтимоӣ мебошад, ки низ омили асосии ягонагии мардум аст. Дар ин росто, таҳкими қонуният, нигоҳ доштани мувозинати иҷтимоӣ ва хусусан мувозинати маҳалҳо дар Тоҷикистони аз ҷиҳати ҷуғрофӣ парешони мо  хеле зарур аст.

Албатта дар ин радиф, мо бояд нақши ташаккули шуури миллӣ, парвариши эҳсоси меҳанпарастӣ ва ангезишҳои ватандӯстиро набояд аз ёд бубарем.

Ба андешаи банда, бунёди ваҳдат дар сарзамини  мо заминаҳои табиӣ дорад, ки сиришти нек, хайрхоҳиву башардӯстӣ ва рӯҳияи сулҳпарваронаи мардуми тоҷик метавонанд асоси ин заминаҳо бошанд, ки дар онҳо кохи бошукӯҳи Ваҳдати миллии тоҷикон метавонад  бунёди қавии худро гузорад.Аммо шарти дигаре ҳаст ва ин шарт он аст, ки халқи моро бояд ҳадафҳои баланди миллӣ раҳнамоӣ кунанд ва чунин ҳадафҳо, хушбахтона, вуҷуд доранд, ки миллати некманиши моро аз оғози Истиқлолияти давлатиаш раҳнамоӣ кардаанд ва ҳама музаффариятҳои истиқлолият ва ваҳдати мо дар даврони навин ҳосили ҳамин сиёсати неки пайгиронаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст.

Аммо набояд фаромӯш кунем, ки мо дар чи замони  беамну хатарзо, тундии муносибатҳои байналмиллалӣ ва хатарҳои нав ба нави харобиовар зиндагӣ дорем ва ин зуҳурот моро барои таҳкими бештари Ваҳдати миллиамон водор месозад. Зеро танҳо ҳамин Ваҳдати миллист, ки бо такя ба он мо бузургтарину қиматтарин ва азизтарин дасоварди таърихии худ Истиқлолияи давлатии Тоҷикистонро метавонем пойдор бидорем ва аз он пуштибонӣ кунем. Хиради зотии халқи башардӯсти тоҷик, муҳаббат ва садоқати он ба муқаддасоти худ, сиёсати неманишонаи Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба мо ин кафолат ва ин боварро медиҳанд.


Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
Ходими адабии «АМИТ»  Ховар

 

ЧАКОМАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Инак аз худ вораҳида,
Чун тулӯъи субҳи нав аз худ дамида,
Бо ҳама тандес боло мешавам,
Аз сиришти сарнавишти худ
ҳувайдо мешавам!
Мебарорам пайкарамро,
Бо дурахши эътимодам
Аз ниҳодам!
Инак аз тан вораҳида
Ман ҳама ово шудам, ово шудам,
Чун садо аз пардаҳои ҷони худ пайдо шудам:

Ваҳдати миллӣ!
Дастоварди беҳини миллати бедор
Дар ҳама таърихи будан,
Дар ҳама даврони худро
Аз даҳони бози деви даҳшати дунё рабудан!
Аз ҳама пайҳои нопайдо зи нав пайдо намудан.
Ҳеҷ истиқлолу озодӣ нарӯяд чун дарахти борвар
Бе замини Ваҳдати миллӣ
Дар ҳавои лоф, дар хоки газоф!
Дар сарафрозии бе поя
Дар ягон Қоф!

Эй дурахши бахти тоҷик
Дар самои тираи ҳастӣ,
Дар баҳои қисмати сангин,
Дар баҳои рӯзгори сахти тоҷик!
Эй булӯрин ҳолаи хушбахтии мо,
Ваҳдату ҳамрахтии мо!

Бе ту моро пояи поянда нест!
Бе ту моро ояи оянда нест!
Ваҳдати миллӣ!
Ҳастии мо дар кафи мушти ту танҳо бегазанд аст!
Ҳастии мо бо ту зебо, бо ту ширин, бо ту қанд аст!
Арҷи мо бо ту баланд аст!
Бо ту танҳо, бо ту танҳо, бо ту танҳо
Зиндагонӣ арҷманд аст!
Бе ту фардо нест!
Ҳам агар бошад, дар он нуре ҳувайдо нест!
Рӯди моро бе ту маҷро нест!
Дониши мо бе ту доно нест!
Бе ту моро дар замину дар само,
дар ду ҷаҳон ҷо нест!
Зиндагиро бе ту маъно нест!
Ваҳдати миллӣ!
Ҷавшани мо бош!
Махзани мо бош!
Офтоби равшани мо бош!
Дар дарахти ҳастии ин миллати некӯманиш
Дар баҳои заҳмати садасраи ӯ чун самар бош!
Дар ҷаҳони ҷангҳои одамихор
Дар тани мо чун сипар бош!
Эй умеди охирин дар остони ноумедӣ!
Эй тулӯи озарин дар осмони ноумедӣ!
Нестӣ бо мо агар ҳоло, ба фардо нестӣ!
Ори мо ҳеҷ аст, агар онро ту оро нестӣ!
Ваҳдати миллӣ, фурӯзон шав,
Чун чароғ андар даруни мо!
Шӯъла зан дар ҷони мо, дар мағзи хуни мо!
Бе ту нуре нест дар бахти нагуни мо!
Охирин дасти раҳобахши фазилат
Бар сари мо дар канори вартаҳои нестӣ!
Эй хушо, дасти наҷоти мо,
Аз варои нестӣ!
Дар тани хуншори мо,
дар торами ҳар тори мо мисли наво ҳастӣ!
Чунки дар чашмони мо мисли зиё ҳастӣ!
Чунки дар дастони мо мисли дуо ҳастӣ!
Дар ҳама ойини мо ойина ҷавлон мезанад!
Миллати ойинаҳо моем,
Миллати хайру сахо моем,
Миллати беиддао моем!
Миллати лутфи Худо моем!

Дар ҳама ойини мо ойина акси офтоб аст!
Дар ҳама ойини мо ойина акси родмардӣ,
Акси ишқ аст, акси одоб аст!
Меравад бо рӯдбори дастҳои мо
Он сахо, он ҳиммате, ки рӯди шодоб аст!

Миллати шеъру суруду дарду созу сӯз моем,
Миллати Наврӯз моем!
Миллати некӣ,
Миллати халқи сафоафрӯз моем!
Миллате, ки аз замони Зардуҳишт
Дар ниҳодаш нур дорад,
Нури ақлу нури идрок,
Нури ҷони пок,
нури сур дорад!
Миллате, ки ҳифз медорад варо
як умр тӯмори сухан,
Зинда гар бигзаштааст аз тирароҳи асрҳо,
Раҳнамояш буда анвори сухан…
Ваҳдати миллӣ!
Сарнавишту ҷавшани мо бош!
Балки худ ҷилди тани мо бош!
Эй қавитар аз ҳама фӯлод,
Бош бо мо, бош дар бунёд!
Путку сандоне туро кай бишканад?
Теғу дандоне туро кай бишканад?

Инак, ин ман!
Вораҳида аз худ, аз таърих!
Дар ҷаҳоне, ки замину коинот аз ваҳдат аст,
Миллате кай метавонад зист бе ваҳдат!?
Ҳеҷ қонуну низоме нест бе ваҳдат!
Зиндагӣ худ ваҳдати хок асту обу оташу бод,
Ваҳдати ин чор ёр аст умрбод!
Ту шараф, ту нангу номус, балки имонӣ!
Қалъаи амнияти мо дар ҷаҳонӣ!
Дар вуҷуди мо ту виҷдонӣ!
Дар сиришти мо музайян бош!
Дар вуҷуди мо мутантан бош!
Дар ниҳоди мо таҳамтан бош!
Ваҳдати миллӣ!
Маро ҷон шав,
маро тан бош!
Эй Худо, ман бош, ман бош!
Эй Худо, ман бош, бо ман бош!!!

Июнь 26, 2019 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд