Вилояти Суғд имсол ба хориҷи Тоҷикистон беш аз 40 тонна мева содирот кард
ХУҶАНД, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз мавсими ҷамъоварии ҳосили имсолаи мева аз Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бозорҳои берун аз Тоҷикистон беш аз 40 тонна меваҳои гуногун содирот гардидааст. Алҳол кормандони боғи мазкур тибқи шартнома барои содироти боз 20 тонна меваҳои хуштаъми Тоҷикистони офтобрӯя ба Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон омодагӣ доранд.
Дар ин бора ба мухбири митақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода директори муассисаи мазкур Толибҷон Ҳасанов иттилоъ дод.
Т.Ҳасанов иброз дошт, ки меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар бозорҳои мамолики гуногуни ҷаҳон талабгорони зиёд доранд. Аз ин лиҳоз, ҳамасола аз қаламрави мамлакат ба нуқтаҳои савдои давлатҳои хориҷи дуру наздик ҳаҷми содироти намудҳои гуногуни меваҳо рӯ ба афзоиш дорад.
«Дар ин замина, кормандони Боғи миллӣ мекӯшанд, ки дар ин самт корро ҷоннок намуда, ба афзун намудани маҷмӯи маҳсулоти содиротӣ бештар ноил гарданд. Аз ҷумла, имрӯзҳо дар Боғи миллии «Ваҳдат» ҷамъоварии ҳосили пухтарасида, аз ҷумла, зардолу, себ ва олу ҷараён дошта, меваҳо асосан ба нуқтаҳои савдои давлатҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот мегарданд», -афзуд номбурда.
Зикр гардид, ки агар соли гузашта ҳаҷми содирот 10-12 тоннаро ташкил дода бошад, пас дар нимсолаи аввали соли равон ин рақам чор маротиба афзуда, то имрӯз аллакай беш аз 40 тонна мева, асосан зардолу, олу ва себ содирот гардидааст.
Ҳамзамон илова гардид, ки Боғи миллии «Ваҳдат» дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 бунёд гардида, масоҳати умумии он 630 гектарро дар бар гирифта, дар 501 гектари он боғҳои гуногун бунёд гардидааст. Аз ҷумла, дар 353 гектар боғи зардолу, 47 гектар шафтолу, 37 гектар себ, 31 гектар бодом, 12 гектар олу, 2,78 гектар нок ва 4,43 гектар гелос буда, ҳосили боғоти муассиса ғайр аз бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ, инчунин ба хориҷи мамлакат бароварда мешаванд.











Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид






