Владимир Путин: «Кишварҳои аъзои МҲТБО-ро зарур аст, то бо таҳдидҳои замони муосир муборизаро тақвият бахшанд»

Июнь 15, 2019 13:58

ДУШАНБЕ, 15.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин  дар нишасти сарони давлатҳои аъзои Машварати  ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ  дар Осиё, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид,  аз намояндагони давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки дар мубориза бар зидди тахдиду чолишҳои замони муосир, хусусан терроризм, ифротгароӣ ва гардиши маводи мухаддир, ки омили асосии мабалағгузории гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон мебошанд, хамкории муштаракро тақвият бахшанд.

Президенти Федератсияи Россия   таъкид кард, ки  «мо бояд ба манофеъ ва даромади гурӯҳҳои  террористӣ,  ки аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир сарчашма мегирад, монеа эҷод намуда, нагузорем ин  гурӯҳҳои  ҷиноятпеша ба маводи  кимёвӣ даст ёбанд.

Бо дахли таҳкими ҳамкории  давлатҳои  аъзои ин созмони бонуфуз В. Путин зикр сохт, ки кишварҳои аъзои МҲТБО, бояд ба якдигар эҳтиром ва арҷ гузошта, дар  корҳои дохилии якдигар дахолат наварзанд.

Ҳамзамон В.Путин дар баромади худ доир ба қазияи Афғонистон, Сурия, муносиботи ҳар ду Корея ва  барномаи ҳастаии Эрон дахл намуда, гуфт ки  Россия ҷонибдори тақвият ва густариши ҳамкории судманд бо кишварҳои аъзои МҲТБО мебошад.

Июнь 15, 2019 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид