23 июл Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, «Амонатбонк», Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, «Тоҷикматлубот» ва Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ меороянд
ДУШАНБЕ, 22.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 23 июл Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ мегузаронанд.
Нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 09:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.
Иттифоқи «Тоҷикматлубот» соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ доир менамояд.
БДА «Амонатбонк» соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишаст мегузаронад.
Нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 11:00 дар Агентии мазкур доир мешавад.
Агентии хоҷагии ҷангал соати 11:00 нишасти матбуотиро дар маҷлисгоҳи Агентии хоҷагии ҷангал доир менамояд.
Вазорати корҳои дохилӣ соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд






