24 июл Бонки миллӣ, Суди олии иқтисодӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, МД «Телевизиони Сафина», МД «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ доранд
ДУШАНБЕ, 23.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2019 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Кумитаи телевизион ва радио соати 08:00 дар Кумитаи мазкур бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
Бонки миллӣ соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Бонки миллӣ нишасти матбуотӣ меорояд.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим соати 09:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишаст мегузаронад.
Суди олии иқтисодӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Суди олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ доир менамояд.
Нишасти матбуотии МД «Телевизиони Сафина» соати 11:00 ва МД «Тоҷикфилм» соати 13:00 дар ММҶ «Ховар» баргузор мешаванд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






