29 ИЮЛ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ПАЛАНГ. Суҳбат бо муаллифи манзумаи «Модарпаланг», Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло

Июль 29, 2019 20:14

ДУШАНБЕ, 29.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 29 июл дар олам Рӯзи  умумиҷаҳонии  паланг (World Tiger Day) қайд карда мешавад. Ин ид соли 2010 дар Форуми байналмилалии «Саммити паланг» оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳастии ин ҳайвони ваҳшӣ дар Санкт-Петербург таъсис ёфта буд.

 13 кишвари дунё, ки ҳанӯз дар марзҳояшон паланг зиндагӣ мекунад, ташаббускори таъсиси ин сана буданд. Давоми кори Форум Барномаи ҳифз ва барқароркунии ҷинси паланг, ки солҳои 2010-2020-ро фаро мегирад, таҳия ва қабул гардид, ки ҳадафаш ду карат зиёд кардани миқдори палангон мебошад.

Мутаассифона, дар табиати ваҳшӣ, дар тамоми олам ҳамагӣ на беш аз панҷ ҳазор паланг боқӣ мондааст ва ин миқдор ҳам пайваста коҳиш меёбад. Солҳои охир теъдоди ин ҷонвар 25 баробар кам гардида, имрӯз ба он хатари нестӣ таҳдид дорад. Дар бисёр мавридҳо паланг қурбони шикорчиён (браконерҳо) мегардад. Ва ин масъала наметавонад инсониятро ба изтироб наорад.

Дар Тоҷикистони мо  бо номи «Бешаи палангон» мавзее вуҷуд дорад, ки ин номро ба хотири паланги номдораш гирифта буд. Охирин бор палангро дар ин беша соли 1957 дида буданд. Имрӯз, мутаассифона, танҳо ном аз паланг модаву худи он кайҳо фирор кардааст, балки мегӯянд ин намуди паланг аз байн рафтааст. Мо  бояд коре кунем, ки паланг ба хонаи худ –ба “Бешаи палангон” бозгардад ва мувозинати табиат барқарор шавад.

Хушбахтона, як намуди паланги кӯҳӣ, ки бабри барфӣ ном бурда мешавад, ҳанӯз дар Бадахшони Тоҷикистон маскун аст, ки он низ башумор мондаасту метавонад маҳв шавад. Ин намуди бабри барфиро дар Эрон ва Покистону Афғонистон озодапаланг меноманд. Мутахассисони ҳифзи муҳити зисти моро иқдом ва кӯшишҳое мебояд, ки пеши роҳи маҳвшавии озодапалангро бигиранд, ки ифтихори кӯҳҳои сарбаланди мо мебошад.

Имрӯз ба муносибати Рӯзи  умумиҷаҳонии паланг мусоҳибаи мухбири АМИТ «Ховар» бо Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи манзумаи «Модарпаланг» Камол Насрулло пешниҳоди шумо мегардад. Манзумаи мазкур ду сол қалб дар сомонаи АМИТ «Ховар» ба табъ расида, аксулсадоҳое ба амал оварда буд.

АМИТ «Ховар»: Аз рӯи шуниди мо, навишта шудани манзумаи «Модарпаланг» таърихи худро дорад?

Камол Насрулло: Бале. Боре суратгир ва рӯзноманигори машҳури мо, зиндаёд Мақсуди Ҳусейн акси палангеро ба банда нишон дода, баъдан онро тақдимам кард. Ин акс таваҷҷуҳи маро аз он ҷиҳат ҷалб кард, ки дар он паланг дар паси панҷара буд. Акси паланг дар паси панҷара, яъне дар маҳбас ангезишҳое ба ман дод. Шояд бад-он сабаб, ки банда дар соли паланг таваллуд шудаам.  Ман бо як дидан дар ин акс рамзҳои зиёдеро пайдо кардам ва онро дар пешорӯи мизи кориям, дар ҷевони китоб гузоштам. Яъне ки қариб ҳар рӯз чашми ман ба акси паланги дар паси панҷара маҳбус меафтоду маро ба хаёлҳое мебурд.

АМИТ «Ховар»: Шояд ҳамин ангезишҳо Шуморо ба навиштани манзума водор карданд?

Камол Насрулло: На танҳо. Ин паланг паланги воқеие буд, ки қиссаи худро дошт. Бори дигар Мақсудҷон таваҷҷуҳи зиёди маро дида,  қиссаи онро ба банда ҳикоят кард.

Маълум шуд, ки паланги мазкур, ки модапаланг буд, солҳо дар боғи вуҳуши шаҳри Душанбе мезист. Боре маъмурияти боғ хостанд аз он насл гиранд ва бо паланги дигаре ҷуфт карданд. Паланг воқеан ҳомила шуд. Ҳама хурсанд буданд, ки акнун насли паланг дар боғи вуҳуш меафзояд. Ана дар ҳамин вақт ҳодисаи ғайричашмдоште рӯй дод, ки ҳамаро ба ҳайрат овард. Паланге, ки таваллуди фарзандонашро ҳама интизор буданд, шабе чашми одамонро хилват карда, ду нафар палангбача зоид. Аммо саҳар одамон диданд, ки паланг фарзандакони зоидаи худро куштааст. Кормандони боғи вуҳуш манзараро дида, дар шигифт афтоданд. Чӣ гуна модар метавонад фарзандони худро бераҳмона бикушад? Чаро? Сабаб чист?

Маъмурияти Боғи вуҳуш аз ин қаноатманд нагардида, пас аз муддате бори дигар палангро ҷуфт андохтанд. Паланг боз ҳомила шуд. Аммо ин дафъа одамон тасмим гирифтанд, ки баробари таваллуди палангбачаҳо онҳоро аз модар ҷудо кунанд ва фурсат надиҳанд, ки паланг бачаҳояшро бикушад. Посбонҳо шабҳо ба навбат назора мекарданд, то аз таваллуди палангбачаҳо ноогоҳ намонанд. Аммо бубинед, ки паланг боз ҳам чашми ҳамаро хилват карда фарзандонашро таваллуд кард ва боз ҳам онҳоро кушт. Мардум, вақте хабар ёфтанд, диданд, ки дар паси панҷара палангбачаҳои ба дасти модар кушташуда хобанду паланг чашм ба як нуқтаи дур, мисли ин ки ғарқи андешаҳо шуда бошад, дар каноре нишастааст.

АМИТ «Ховар»: Воқеан, ҳодисаест шигифтовар! Аммо чаро? Чаро паланг бераҳмона фарзандони худро кушт? Ҳарчанд мо медонем, ки ҷонварон, аз ҷумла паланг ҳам  ба фарзандони худ муҳаббати баланд доранду нисбат ба онҳо хеле ғамхоранд?

Камол Насрулло: Бале, паланг нисбат ба фарзандони  кӯчаки худ хеле ғамхор аст. Сухан ҳам сари ҳамин аст: чаро? Банда хеле андешидам ва ба хулосае омадам, ки паланг намехоҳад фарзандонаш дар зиндон зоида шаванду умре маҳбасӣ бошанд. Ғурури баланди паланг ба ин роҳ надод. Яъне марг беҳтар аст аз зиндагоние, ки  тамоми умр дар маҳкумият, дар зиндон бигзарад. Ҷабри зиндагии зиндонро ӯ худ бардошт, аммо ба фарзандонаш раво надид.

АМИТ «Ховар»: Ҳадафи Шумо аз навиштани ин манзума чӣ буд?

Камол Насрулло: Медонед, ҳар асари бадеӣ ҳамон вақт қимат пайдо мекунад, ки ба ҷуз аз расонидани нақл ва ҳикояти аҷибе, ки хонандаро метавонад ба ваҷд ораду ангезишҳое диҳад ва барои ӯ хабару маълумоте орад, хуб аст агар боз  ҳадафҳе баланд ва маъниҳое таҳтонӣ дошта бошаду хонандаро ба ғояҳои баланд ҳидоят намояд. Дар манзумаи “Модарпаланг” ҳадаф фақат таҷассуми паланг ва рафтори ҳайратовари ӯ нест, ҳарчанд ин ҳам ҳаст. Дар ин манзума паланг рамз аст. Дар ин ҷо паланг ва тақдири ӯ метавонад рамзи як халқ, як миллат бошад. Миллати гирифтор, миллати маҳрум аз озодӣ. Дарк кардед? Ин манзума солҳое пеш навишта шуда буд, дар он замоне, ки Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз ба озодию истиқлолият нарасида буд. Ин ҷо фарзандони худро қурбон намудани паланг таҷассуми  ғояву ҳадафи хеле баланду қимат аст, ки барои ҳар ҷонвар, аз ҷумла инсон метавонад баландтарин ғоя ва ҳадаф дар зиндагӣ бошад. Ин ҳадаф, ин ғояи баланд- озодӣ ва раҳоӣ аз гирифторист.

Дар он замоне, ки ин манзума навишта шуд, аз хусуси озодии миллати мо, ҳувияти миллӣ, раҳо шудан аз ҳайати чунин кишваре бузург,  мисли Иттиҳоди шӯравӣ ҳатто хаёл кардан ҳам имкон надошт. Ин суханро касе ҷуръат надошт рӯирост бигӯяд ва агар гӯяд ҳам, беманфиат ва ҳатто зиёновар буд. Бинобар ҳамин чунин ғояҳо, хусусан озодию ҳувияти миллӣ ба тариқи рамзҳои бадеӣ баён меёфтанд. Ҳикояти паланг, манзумаи “Паланг” беҳтарин имконияти баёну тасвири ғоя ва мубориза барои озодӣ шуда метавонист ва банда ин манзумаро навиштаму ба табъ расонидам. Яъне ман ҳамчун адиб кори худ, агар хоҳед расолати худро дар ҳаракати озодӣ ва истиқлолияти миллии халқам иҷро кардам.

Аммо ҳадафи манзума бо ин маҳдуд намешавад. Ин манзума ҳадафҳои дигари эҷодиро низ пайгирӣ кардааст. Аз ҷумла, дар ин ҷо масъалаҳои аз байн рафтани ҷонварони воридшуда ба Китоби сурх, задани бонги хатар аз маҳвшавии онҳо, ошноӣ бо табиати ҷонварон, ҳифзи табиат ва муҳити зист ва ғайраҳо низ бардошта шудаанд.

АМИТ «Ховар»: Оё шумо асарҳои дигаре ҳам доред, ки дар он бо истифода аз мавзӯъҳои рамзии табиат ғояҳои дигаре ҳам талқин шуда бошанд?

Камол Насрулло: Бале, чандин шеърҳои рамзӣ дар мавзӯи табиат гуфтаам. Як манзумаи аҷиби дигаре ҳам дорам бо номи ”Манзумаи инсон ё аллалоҳ”, ки манзумаест фалсафию ахлоқӣ ва дар он ҷонварҳои зиёде миёни худ мубоҳиса меороянд ва  ҳадафи асосӣ дар ин ҷо шинохти инсон аст. Аммо, гумон мекунам, ин мавзӯи суҳбати дигарест.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.

Июль 29, 2019 20:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид