ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар хиёбони ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино гулгаштҳои муосир бунёд гардиданд

Июль 22, 2019 12:19

ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Навсозии хиёбони  Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар арафаи анҷом қарор дорад. Дар хиёбони мазкур барои сайру гашти сокинон ва меҳмонони пойтахт  гулгаштҳои  нави   мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар онҳо муҷассамаи каҳрамонҳои афсонавӣ ва дигар воситаҳои ороишии дорои хусусиятҳои миллӣ  насб гардидаанд.

Тавре муовини раиси ноҳия Аббос Саймиддинзода  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, навсозии хиёбони мазкур дар асоси  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ таҷлил намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

  «Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳия нақшаи чорабиниҳои бунёди иншооти ҷашнӣ таҳия шуда,  бо роҳбарии муовини Сарвазир Азим Иброҳим  комиссияи корӣ ташкил гардида, алҳол  корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфтаанд»,- афзуд А.Саймиддинзода.

 

Номбурда ҳамчунин  иттилоъ дод, ки то  таҷлили ин ҷашни  таърихӣ  дар ноҳия бунёди 1704 иншооти таъйиноташон гуногун бо таъсиси 2809 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла сохтмон ва навсозии 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи томактабӣ барои 1260 ҷой, 7 муассисаи тандурустӣ, 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 17 маркази хизматрасонӣ, 35 бинои истиқоматӣ, 23 майдончаи варзишӣ, 150 партовгоҳ ва роҳу кӯпрукҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст.

Алҳол дар ҳудуди ноҳия рангубори намои биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва навсозиии роҳҳои мошингард бомаром идома дорад.

Соҳибкорон ва нафарони саховатпеша  дар ободонӣ ва рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия саҳми назаррас доранд. Алҳол  аз ҷониби онҳо  чанд иншоот мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони иншооти дигар идома дорад.  Ғайр аз ин, бо мақсади таъмини сокинони пойтахт бо оби тозаи нӯшокӣ дар ноҳия озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшидании КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» таъсис ёфт.

Бо ҳидояти Сарвари давлат аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МД «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 84 ва 99 дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2019 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд