ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар хиёбони ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино гулгаштҳои муосир бунёд гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Навсозии хиёбони Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар арафаи анҷом қарор дорад. Дар хиёбони мазкур барои сайру гашти сокинон ва меҳмонони пойтахт гулгаштҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар онҳо муҷассамаи каҳрамонҳои афсонавӣ ва дигар воситаҳои ороишии дорои хусусиятҳои миллӣ насб гардидаанд.
Тавре муовини раиси ноҳия Аббос Саймиддинзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, навсозии хиёбони мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ таҷлил намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
«Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳия нақшаи чорабиниҳои бунёди иншооти ҷашнӣ таҳия шуда, бо роҳбарии муовини Сарвазир Азим Иброҳим комиссияи корӣ ташкил гардида, алҳол корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфтаанд»,- афзуд А.Саймиддинзода.
Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки то таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар ноҳия бунёди 1704 иншооти таъйиноташон гуногун бо таъсиси 2809 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла сохтмон ва навсозии 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи томактабӣ барои 1260 ҷой, 7 муассисаи тандурустӣ, 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 17 маркази хизматрасонӣ, 35 бинои истиқоматӣ, 23 майдончаи варзишӣ, 150 партовгоҳ ва роҳу кӯпрукҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст.
Алҳол дар ҳудуди ноҳия рангубори намои биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва навсозиии роҳҳои мошингард бомаром идома дорад.
Соҳибкорон ва нафарони саховатпеша дар ободонӣ ва рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия саҳми назаррас доранд. Алҳол аз ҷониби онҳо чанд иншоот мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони иншооти дигар идома дорад. Ғайр аз ин, бо мақсади таъмини сокинони пойтахт бо оби тозаи нӯшокӣ дар ноҳия озмоишгоҳи марказии назорати истеҳсоли оби нӯшидании КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» таъсис ёфт.
Бо ҳидояти Сарвари давлат аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо МД «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 84 ва 99 дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»























ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






