Ба зиёда аз 60 нафар шахсони маълули шаҳри Душанбе аробачаҳои маъюбӣ тақсим карда шуданд

Июль 9, 2019 09:25

ДУШАНБЕ, 09.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи маъюбон ба зиёда аз 60 нафар шахсони маъюб- сокинони пойтахт аробачаҳои маъюбӣ тақсим карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бахшида ба Рӯзи маъюбон барномаю ҳамоишҳои зиёд доир гардиданд.

Дирӯз чунин як барномаи  фарҳангӣ-фароғатӣ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» баргузор карда шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар барнома намояндагони  Раёсати ҳифзи иҷтимоии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ноҳияи Варзоб,  Муассисаи давлатии кӯдакони маъюб  “Чорбоғ”  ва волидону бошандагони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш сардори бахши хизматрасонии иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фахриддин Юсуфзода аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин қишри ҷомеа ёдовар шуд.

Зимни ҷамъомад миёни бошандагони муассисаи мазкур бозиҳои шавқовар доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин барномаи консертӣ хотимабахши маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ гардид.

Июль 9, 2019 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд