БОЗ ЯК ХУШХАБАР! Варзишгари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов чемпиони Осиё оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ гардид

Июль 5, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Нурсултон оғоз шуд, соҳиби медали тилло гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ САФАРАЛӢ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрон ҚУРБОН хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Фирӯз дар вазни 55 кило дар намуди  гӯштини юнонӣ-римӣ дар даври аввал озод буд. Ӯ сипас бар варзишгарони Туркманистон ва Қазоқистон пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфта, дар финал варзишгари ӯзбекистониро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Ду ҷои сеюмро дар ин вазн варзишгарони Қазоқистон ва Ҳиндустон ишғол намуданд.

Хотиррасон  мешавем, ки дар рӯзи аввали чемпионат қувваозмоиҳо аз рӯи 7 вазн сурат гирифтанд. Варзишгарони мо дар 4 вазн гӯштин гирифтанд. Ду варзишгари дигари мо – Суҳроб Алимов дар вазни 45кг ва Давлатҷон Худойбердиев дар вазни 48кг сазовори ҷои панҷум шуданд.

Имрӯз қувваозмоиҳо дар се вазни боқимондаи гӯштини юнонӣ-римӣ (65, 71, 80) идома меёбанд. Дар ҳар се вазн гӯштингирони навраси тоҷик ширкат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки  дар чемпионати мазкур  308 нафар варзишгарон аз 19 давлати қитъаи Осиё ширкат доранд. Гӯштингирони навраси қора дар намудҳои гӯштини озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гӯштини занона (10 вазн) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чемпионат, ки то 7 июл идома меёбад, 13 нафар варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Июль 5, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт