Дар Бадахшон таҳти унвони «Ваҳдат-омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиш баргузор гардид

Июль 20, 2019 09:20

ХОРУҒ, 20.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзеи зебоманзари Гармчашмаи  ноҳияи Ишкошим  бо иштироки беш аз 40 нафар сархатибону имомхатибон аз  вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ  дар мавзӯи «Ваҳдат- омили  ягонагӣ ва суботи ҷомеа»  ҳамоиш баргузор гардид. 

Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода баён дошт, ки  маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  аст, ки имрӯз  дар ҷумҳурӣ намояндагони  дину мазҳабҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда озодона фаъолият намуда, баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ ва  якпорчагии Тоҷикистон  заминаи комил бунёд мекунанд.

Агар дар даврони Шӯрвӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 29 нафар ба  ҳаҷ  рафта бошанд, дар даврони соҳибистиқлолӣ соле  беш аз шаш ҳазор нафар Маккаи мукаррамаро зиёрат мекунанд. Гузашта аз он, бунёди Масҷиди  калонтарини дунё дар пойтахти мамлакат, Маркази Исмоилия дар шаҳри Душанбе ва Ҷамоатхонаи зебо дар шаҳри Хоруғ далоли онанд, ки дар Тоҷикистон  баробарии комили пайравони адёну мазоҳиби гуногун таъмин аст. Чунин ҳамоишу нишастҳо, гуфтугӯи рӯ ба рӯи ходимони дин,  муколамаи мустақим байни  пайравони адёни мухталиф решаи ҳамдигарфаҳмӣ ва  таҳаммулпазириро дар ҷомеа мустаҳкам мекунад.  Хусусан баргузор кардани чунин мулоқот дар байни рӯҳониёни  мазҳаби ҳанафӣ ва шиаи исмоилӣ ба манфиати пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, ягонагии мамлакат ва дар маҷмӯъ, рушду нумӯи Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ҳама бояд даст ба даст дода, ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

Инчунин  дар ҳамоиши мазкур  директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода,    намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Далерҷон Маҳкамов, раиси намояндагии  Институти  инъикоси  ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ Абахон Султонназаров,   котиби Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков  иштирок намуда, доир ба масъалаҳои   пешгирӣ аз паҳн кардани  маводи экстремистию ифротӣ, хусуматҳои динӣ, ҳамгироӣ ва  хатарҳои эҳтимолии экстремизму  терроризм ба амнияти миллӣ   изҳори ақида намуданд.

Июль 20, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд