Дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 20 масъала баррасӣ гардид

Июль 11, 2019 13:38

ДУШАНБЕ, 11.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар иҷлосияи  бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе  доир шуд, 20 масъала баррасӣ гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

 Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қаноатшо Лоиқзода масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, гуфт: «Мақсад аз ин иқдом мутобиқгардонии меъёрҳои Кодекси мазкур бо Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як зумра қонунҳои соҳавӣ мебошад».

Зикр гардид, ки бо назардошти субъектони ҷавобгарии маъмурӣ санксияи як қатор моддаҳои Кодекс, ки ҷавобгариро барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба ҳифзи саломатӣ, вазъи санитарию этидемологии аҳолӣ ва ахлоқи ҷомеа, аз ҷумла, ба фурӯш баровардани маҳсулоти бесифати хӯрокворӣ, ҷалби ноболиғон ба истеъмоли маҳсулоти тамоку, машрубот ва моддаҳои мадҳушкунанда муқаррар менамоянд, такмил дода шудаанд.

Қаноатшо Лоиқзода шарҳ дод, ки дар ин замина нисбат ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва мансабдор, яъне  соҳибкороне, ки дар асоси патент ва ё шаҳодатнома фаъолят менамоянд, дар сурати такроран содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ҷазо дар намуди ҷарима муқаррар карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки моддаи 117 дар таҳрири нав ифода карда шуда, барои риоя накардани талаботи санитариву эпидемологӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ ҷазо муқаррар карда шудааст. Бо илова ба моддаи 121 эзоҳ пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки ба  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид гардида, ба стандартҳои муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд, танҳо бо қарори суд мавриди истифода қарор дода мешаванд.

«Лоиҳа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои таъмини амнияти беҳдошти санитарию  эпидемологӣ, сифатнокии маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи фарматсевтиву доруворӣ, инчунин пешгирии бемориҳои сироятӣ мусоидат менамояд», — илова намуд муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният.

Июль 11, 2019 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд