Дар мавзеи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим таҳти унвони «Ваҳдат-омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 июл дар мавзеи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Ваҳдат-омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори ҳамоиш Раиси кумитаи мазкур Сулаймон Давлатзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва ходимони дини дигар шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуданд.
Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода баргузории чунин ҳамоишро дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ- ин пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ, некуаҳволии мардум, созандагиву ободкорӣ ва пойдевори ҳастии ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, он барои ҳар сокини диёрамон дастоварди ниҳоят пурарзиш ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободӣ ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки бидуни иттиҳод ва ваҳдати миллӣ амну суботи сиёсӣ ва оромиши иҷтимоӣ дар ҷомеа имконпазир нахоҳад буд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҳалли мусолиматомези низоъҳо ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳро барои пешрафти минбаъдаи мамлакат равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва он метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад.
Таъкид гардид, ки таълимоти дини Ислом ҳамеша ба сулҳу суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва ҳамгироӣ даъват намуда, амалҳои зишти тафриқаангезӣ, ҷудоихоҳӣ, хунрезӣ, ифротгароӣ ва хиёнаткориро маҳкум месозад. Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе аз ташкилотҳои террористӣ аз номи поки дини Ислом суиистифода намуда, ба қатлу куштор ва ранҷу озори мусулмонон машғуланд.
Аз ҳамватанон даъват ба амал оварда шуд, ки дар пешрафт ва шукуфоии мамлакати азизамон саҳми босазо гузошта, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба ҳар дасисаву иғвоҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ дода нашаванд.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






