Дар шаш моҳи соли равон дар мамлакат қариб 23 ҳазор нафар ному насаб иваз кардаанд
ДУШАНБЕ, 16.07.2019/АМИТ «Ховар»/. То имрӯз аз ҷониби мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ дар масъалаи иваз кардани номҳо ба номҳои анъанавӣ- миллии тоҷикона ягон эрод гирифта нашудааст. Ин матлабро 16 июл дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод баён дошт.
Вазир зикр кард, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ҳазору 893 нафар шаҳрвандон ному насабашонро ба номҳои анъанавӣ- миллӣ иваз кардаанд. Дар маҷмӯъ дар ин давра аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мамлакат 22 ҳазору 985 нафар ҷиҳати сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.
Зикр гардид, ки ҳолатҳое ҳастанд, ки бархе аз шаҳрвандон бо тақозои иқомат ва кор дар кишварҳои хориҷӣ ному насаби анъанавӣ –миллии худро иваз мекунанд ва ин ҳуқуқи онҳост.
Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки дар ин давра аз сӯи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 230 ҳазору 231 аснод, аз ҷумла, беш аз 106 ҳазор сабти таваллуд, зиёда аз 25 ҳазор сабти барқарории таваллуд, 16 ҳазору 929 сабти вафот, 622 сабти барқарори вафот, беш аз 33 ҳазор сабти ақди никоҳ ва 6 ҳазору 65 сабти бекор кардани ақди никоҳ, беш аз 18 ҳазор сабти муқаррар намудани падарӣ ва 616 сабти фарзандхонӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






