Дар Теҳрон ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Июль 24, 2019 11:16

ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Дабирхонаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)  дар Теҳрон 22 июл ҷаласаи 240-уми Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви Созмон таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲИ  Низомиддин Зоҳидӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҳамоишҳои муҳим дар чаҳорчӯби СҲИ, аз ҷумла нишасти дуюми Шӯрои ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи тиҷоратии СҲИ (18-19 августи 2019, Эрон), нишасти сеюми вазирони туризми кишварҳои узви СҲИ (22-23 августи 2019, Тоҷикистон), нишасти дуюми раисони бонкҳои миллии кишварҳои узви СҲИ (29 августи 2019, Эрон) ва масоили дигари тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви Созмон баррасӣ гардида, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

Июль 24, 2019 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд