Дар Тоҷикобод даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» баргузор гардид

Июль 10, 2019 16:51

ТОҶИКОБОД, 10.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иҷрои Амри Сарвари давлат дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод  бо иштироки раиси ноҳия Ҳамидулло Маҳмадшозода, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода, намояндагони ташкилоту идораҳо ва доираи васеи ҷавонон даври аввали  озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Мудири бахши фарҳанг Саломуддин Кобулиев гуфт, ки ҳадафи асосии баргузор намудани озмун-ин оммавигардонии равияҳои гуногуни мусиқии касбии тоҷик, муаррифии истеъдодҳои нави санъати тоҷик, фароҳам овардани шароит баҳри дарёфти истеъдодҳо ва  гурӯҳҳои ҳунарӣ дар байни наврасону ҷавонон дар самти равияҳои гуногуни жанрҳои сарояндагӣ мебошад.

Ҳамчунин баргузории  озмуни мазкур дар ташаккули зебоипарастӣ, мукаммал гардонидани репертуари сарояндагон бо асарҳои нав,  баланд бардоштани нуфузи мусиқии касбӣ ва анъанавии  тоҷик, дарёфти чеҳраҳои нав, тарғибу ташвиқи ҳунари асил, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва ҳунари миллӣ, тарғиби ашъори  шоирони классику муосир, омода намудани ҳунармандон ба озмуну фестивалҳои сатҳи байналмилалӣ, инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва дар ин замина тарбияи худшиносиву хештаншиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа дар даврони бархурди тамаддун ва ҷаҳонишавии фарҳанг мусоидат менамояд.

Ҳайати ҳакамон бо сардории муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадтоир  Назризода ба маҳорат ва истеъдоди иштирокчиёни озмуни мазкур баҳои баланд  дода, аз 53 нафар иштироккунандагон 18 нафар беҳтаринҳоро муайян карда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд.

Дар ҷамъбасти даври аввали озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки  аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ баргузор гардид, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба ғолибон ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.

Июль 10, 2019 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид