Дар Тоҷикобод даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» баргузор гардид
ТОҶИКОБОД, 10.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Амри Сарвари давлат дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки раиси ноҳия Ҳамидулло Маҳмадшозода, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода, намояндагони ташкилоту идораҳо ва доираи васеи ҷавонон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» баргузор гардид.
Мудири бахши фарҳанг Саломуддин Кобулиев гуфт, ки ҳадафи асосии баргузор намудани озмун-ин оммавигардонии равияҳои гуногуни мусиқии касбии тоҷик, муаррифии истеъдодҳои нави санъати тоҷик, фароҳам овардани шароит баҳри дарёфти истеъдодҳо ва гурӯҳҳои ҳунарӣ дар байни наврасону ҷавонон дар самти равияҳои гуногуни жанрҳои сарояндагӣ мебошад.
Ҳамчунин баргузории озмуни мазкур дар ташаккули зебоипарастӣ, мукаммал гардонидани репертуари сарояндагон бо асарҳои нав, баланд бардоштани нуфузи мусиқии касбӣ ва анъанавии тоҷик, дарёфти чеҳраҳои нав, тарғибу ташвиқи ҳунари асил, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва ҳунари миллӣ, тарғиби ашъори шоирони классику муосир, омода намудани ҳунармандон ба озмуну фестивалҳои сатҳи байналмилалӣ, инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва дар ин замина тарбияи худшиносиву хештаншиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа дар даврони бархурди тамаддун ва ҷаҳонишавии фарҳанг мусоидат менамояд.
Ҳайати ҳакамон бо сардории муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадтоир Назризода ба маҳорат ва истеъдоди иштирокчиёни озмуни мазкур баҳои баланд дода, аз 53 нафар иштироккунандагон 18 нафар беҳтаринҳоро муайян карда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд.
Дар ҷамъбасти даври аввали озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ баргузор гардид, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба ғолибон ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.








ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид






