ДУШАНБЕ ВА СЕУЛ БАРОДАРШАҲР МЕШАВАНД. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуд

Июль 16, 2019 17:14

ДУШАНБЕ, 16.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қароргоҳи беруназшаҳрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ли Нак Ён, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар  вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати Корея дар соҳаҳои гуногун мавриди музокирот қарор гирифт.

Ҷонибҳо  зимни баррасии масоили  ҳамкорӣ  ба ташкили корхонаҳои муштараки барои ҳар ду ҷониб муфид, аз ҷумла дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, технологияи ҳозиразамон, саноати сабук ва дигар самтҳо  ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкории самарабахш миёни пойтахтҳои ду кишвар, пешниҳод гардид, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва  Сеул муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ин робита тарафҳо тасмим гирифтанд, ки ояндаи наздик санади ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расонда шавад.

Вохӯрӣ ба таври созанда ва дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт.

Июль 16, 2019 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд