ДУШАНБЕ ВА СЕУЛ БАРОДАРШАҲР МЕШАВАНД. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қароргоҳи беруназшаҳрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ли Нак Ён, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати Корея дар соҳаҳои гуногун мавриди музокирот қарор гирифт.
Ҷонибҳо зимни баррасии масоили ҳамкорӣ ба ташкили корхонаҳои муштараки барои ҳар ду ҷониб муфид, аз ҷумла дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, технологияи ҳозиразамон, саноати сабук ва дигар самтҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкории самарабахш миёни пойтахтҳои ду кишвар, пешниҳод гардид, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва Сеул муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ин робита тарафҳо тасмим гирифтанд, ки ояндаи наздик санади ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расонда шавад.
Вохӯрӣ ба таври созанда ва дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт.













КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд






