«Фоизҳои баланди бонкӣ. Ҳақиқатан, вазъ қонеъкунанда нест», «Таътилро чӣ тавр бояд гузаронид?», -шарҳи матбуоти даврӣ

Июль 4, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 04.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта хабару гузоришҳо аз сафари  расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус, ки 28 июни соли равон сурат гирифт, дар сархати расонаҳои ҷумҳурӣ қарор дошт.

Дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият», шумораи рӯзи 1 июли  соли равон (№125)   таҳти сарлавҳаи «Сафари расмии Пешвои миллат ба Беларус» гузориши мукаммал ба нашр расидааст.

Дар гузориши мазкур доир ба  сафари мазкур, аз ҷумла маросими истиқболи расмӣ, мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар, гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи «Ғалаба», боздидҳо аз корхонаи тракторсозии шаҳри Минск, комбинати кишоварзии «Дзержинский», мулоқоти сеҷониба (мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин), иштирок дар маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ барои хонандагон маълумоти муфассал дода шудааст.

Дар гузориш, аз ҷумла чунин омадааст: «29 июн дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, дар доираи сафари расмӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи тракторсозӣ шинос шуданд, ки яке аз калонтарин коргоҳҳои саноатии Беларус буда, бо Тоҷикистон ва зиёда аз 70 давлати олам ҳамкорӣ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо тракторҳои корхона омодагии Тоҷикистонро барои бунёди корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои дигар, афзоиши сохтани трактор, истифодаи имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкории зичу пурсамар ва судовар барои ҳарду ҷониб изҳор доштанд.

Бунёди чунин коргоҳҳои муштарак дар оянда метавонад барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, таъмини хоҷагиҳои мамлакат бо техникаи кишоварзӣ, амалӣ кардани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат намояд.

Таъсиси корхонаи бастубанди тракторҳо ва маркази хизматрасонии техникаҳои кишоварзӣ «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко намунаи беҳтарини ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Беларус мебошад.

Дар намоишгоҳ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон техникаҳои гуногунҳаҷми борбардору боркаши сохтмонӣ ва мусофирбари корхонаи мошинсозии «МАЗ»- и Беларус муаррифӣ гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти корхонаҳои мошинсозӣ даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои калони гидроэнергетикии Тоҷикистон ширкат варзида, иқтидору имконоти худро дар бозори Тоҷикистон муаррифӣ намоянд».

Дар шумораи дигари рӯзномаи «Ҷумҳурият» (02.07.2019 №126) таҳти сарлавҳаи «Фоизҳои баланди бонкӣ. Ҳақиқатан, вазъ қонеъкунанда нест» вокуниши Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба матлаби танқидии рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 07.02.2019, № 29 (23632) таҳти унвони «Қарз. Нигаронӣ аз фоизҳои баланд» ба нашр расидааст.

Дар вокуниши мазкур, Раиси Бонки миллӣ, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ бо роҳи  паст кардани меъёри фоизи қарзҳо дар Бонки миллӣ гурӯҳи корӣ оид ба муайян кардани арзиши аслии қарз таъсис гардид ва дар ин самт таҳлилҳои амиқ гузаронда шуд. Дар бобати паст кардани фоизи қарзҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дастурҳои мушаххас, аз қабили кам кардани хароҷоти ғайрисамаранок, идоракунии дурусти маблағҳои озод, ҷалби сармоя, сода кардани тартиби додани қарз ва таҷдиди стратегияи қарздиҳӣ дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ дар охири моҳи апрели соли равон 15,6 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 ба миқдори 1,8 банди фоизӣ паст мебошад. Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ дар охири моҳи апрели соли равон 25,5 фоизро ташкил намуд, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (28,8 фоиз) 3,3 банди фоизӣ кам шудааст. Вале ҳолати мазкур ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Бонки миллии Тоҷикистон дар самти мазкур якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ барои ноил гардидан ба мақсади гузошташуда корҳои заруриро идома медиҳад».

Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№79, 02.07.2019)   гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум» таҳти сарлавҳаи «Эҷоди қонун рукни муҳим ва марказии давлатсозӣ мебошад» ба нашр расонидааст. Дар гузориши мазкур Раиси Маҷлиси намояндагон,   аз ҷумла чунин изҳори назар намудааст: «Мутмаинам, ки ҳар як намояндаи халқ, пеш аз ҳама, дар назди виҷдони худ савол мегузорад: оё барои даҳҳо ҳазор нафаре, ки ба ӯ эътимод намудаанду барои панҷ сол вакил интихоб кардаанд, хидмати шоиста намудааст? Зеро вакили мардумӣ будан масъули раъйи ҳар як фарди ҷомеа будан аст. Мардум бо умед аз байни номзадҳои зиёд нафареро вакили хеш интихоб мекунад, ки ҳангоми қабули қонуну қарорҳо ва тасвиби созишномаву шартномаҳои байнидавлатӣ манфиатҳои давлат ва миллатро тарзе дастгирӣ намояд, ки дар онҳо эҳтиром ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ низ вуҷуд дошта бошад. Вакили асили мардумӣ вазифаи хешро дар мувофиқ овардани манфиати ҳар шаҳрванд бо ҳадафҳои стратегии давлат мебинад. Шумо, ҳозирини гиромӣ, дар давраи ҳисоботӣ дар ин самт қадамҳои устувор гузоштед». 

Дар шумораи навбатии нашрияи русзабони «Народная газета» (03.07.19, №28) аз сафари кории   Пешвои миллат ба  ноҳияҳои  водии Рашт дар  рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин  сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус  хабару гузоришҳои ҷолибро    пешниҳоди хонандагон  намудааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (03.07.2019,№ 27)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ, инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Тоҷикистону Беларус: марҳилаи нави ҳамкорӣ», «Ваҳдат ҳамдилист», «Тоҷикистон — маркази дипломатияи ҷаҳонии об», «Сатҳу сифати диссертатсияҳо беҳбудӣ мехоҳад», «Экстремизми динӣ ва манфиати абарқудратҳо»,  «Бунёд кардан савоб аст», «Ташаккур, рафиқ майор», «Қадри зар заргар бидонад» ва «Йога –ҳамоҳангии ҷисму рӯҳ» .

Дар  мақолаи «Ташаккур, рафиқ майор» нафақахӯр М.Сиддиқзода ба  сардори шуъбаи Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Исфара Раҳматҷон Рустамов, ки рутбаи майорӣ дорад, барои кумаку мусоидаташ дар ҳалли мушкилоти номбурда изҳори миннатдорӣ намудааст. Муаллиф, аз ҷумла нигоштааст, ки «шаби 2 июни соли равон дар минтақаи шаҳраки Нурафшони роҳи Хуҷанд-Исфараи вилояти Суғд мо,  чор нафар аҳли оила зери сели шадиде афтодем. Бо душвории зиёд аз он раҳо ёфтем, вале мошинамон зери шағалу санг монд. Рӯзи дигар барои мадад – баровардани мошинам  ба шуъбаи Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд муроҷиат намудам.

«Сардори шуъбаи Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Исфара Раҳматҷон Рустамов  бо ҳамкорон аз бордони мошинашон белу каланд гирифта, ба кандани шағали тагу атрофи мошин сар карданд. Зиёда аз се соат заҳмат кашида, мошинро ба роҳ баровардем. Метавон гуфт, вазифаи Раҳматҷон ба итмом мерасид ва онҳо  бояд мерафтанд. Ба шаҳр овардани мошин на вазифаашон буду на масъулияташон. Аммо Раҳматҷон бе ягон дудилагӣ сабукрави маро ба мошини худаш баст ва зиёда аз 25 км кашола кард. Дар ҷойи Раҳматҷон дигар сардор мебуд, дигаронро сафарбар мекард…Бори нахуст дидам ва шоҳид шудам, ки роҳбар бевосита ба мадад шитофт. Пас аз арзи сипосу хайрухуш меандешидам, ки кош, чунин роҳбарони кордони касби худ, дилсӯзи мардуми корафтода ва хушмуомила зиёдтар мебуданд», — хулоса намудааст номбурда.

«Мароми пойтахт» — нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  ин ҳафта  дар баробари хабарҳои расмӣ таҳти сарлавҳаҳои «Меҳвари бунёдкориҳо», «Газвода: ташнашикан ё зараровар?», «Таътилро чӣ тавр бояд гузаронид?», «Исфирӯди бебол: мудҳиштарин фоҷиае, ки бо дасти инсон анҷом дода шудааст», «Сил бемории табобатшаванда  аст, агар…» маводи таҳлилиро ба  нашр расонидааст.

Хабарнигори «Мароми пойтахт» Неъмат Салимзода дар мақолаи таҳлилии «Таътилро чӣ тавр бояд гузаронид?», аз ҷумла чунин нигоштааст: «Хонандагон таътилро бояд чӣ тавр гузаронанд? Ба куҷо бояд раванд? Агар нараванд чӣ? Ё чанд саволи дигаре ҳаст, ки дар сари волидон чарх мезанаду гоҳе дар сари хонандагон».

Муаллиф бо такя ба андешаи равоншиносон ва табибон дар ин мавзӯъ чанд маслиҳати муфидро  пешниҳоди хонандагони рӯзнома гардонидааст.

«Агар рафту фарзанди шумо на ба саёҳат баромаду на ба бошишгоҳ, пас ҳаракат кунед, дар шароити хона низ таътили ӯро хуш гузаронед. Зеро таътил барои хонандагон хеле зарур ва барои барқарор намудани неруи фикрию ҷисмонии онҳо нақши муҳим дорад», — хулоса намудааст хабарнигор дар фарҷоми мақола.


Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 4, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд