ФУТБОЛ: бозиҳои даври 12-уми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд

Июль 19, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бозиҳои даври дувоздаҳуми лигаи аввали футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуданд. Аз шаш бозӣ дар чортоаш мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд, ду бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар ин бора ба шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон    аз  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.  

Тибқи иттилои манбаъ, дастаҳои футболи «Локомотив-Помир»-и Душанбе бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:0, «Парвоз»-и Фурудгоҳи Хуҷанд бар «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби 9:2, «Равшан»-и Кӯлоб бар «Исфара»-и Исфара ва «Зарафшон»-и Панҷакент бар «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омаданд.

Дар вохӯриҳои  дигар дастаҳои футболи «Душанбе-83»-и Душанбе бозиро дар меҳмонӣ бо «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо ҳисоби 0:0 ва «Саройкамар»-и Панҷ бозиро дар майдони худ бо «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби мусовии  1:1 анҷом доданд.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки дар 11 бозӣ 27 имтиёз гирифтааст, мисли пешин дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намудааст. Зимнан, дастаи «Файзканд» ягона дастаест, ки бохт надорад.

Дастаи  футболи «Локомотив-Помир» бо 26 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дастаи «Душанбе-83»  бо 22 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври сенздаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон 21  июли соли равон  баргузор мешаванд.

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Даври 12-ум

«Ваҳдат» – «Душанбе-83» – 0:0

«Парвоз» – «Шоҳмансур» – 9:2

«Саройкамар» – «Ҳулбук» – 1:1

«Равшан» – «Исфара» – 1:0

«Локомотив-Помир» – «Эсхата» – 3:0

«Зарафшон» – «Дӯстӣ» – 1:0

 Даври 13-ум

21 июл (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Дӯстӣ» – «Ваҳдат»

«Эсхата» – «Зарафшон»

«Исфара» – «Локомотив-Помир»

«Ҳулбук» – «Равшан»

«Шоҳмансур» – «Саройкамар»

«Барқчӣ» – «Парвоз»

«Душанбе-83» – «Файзканд»

Июль 19, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд