ФУТБОЛ: дар даври сеюми Чемпионати Осиё дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар Туркманистон ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 30.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 29 июли соли равон сабқатҳои даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA -2019 баргузор гардид. Дар даври сеюм дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби наврасони Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Дар ин давр дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон аз дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 мағлуб гардид ва дастаи мунтахаби наврасони Эрон аз дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон бо натиҷаи 1:0 шикаст хӯрд. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Даври 3-ум
Тоҷикистон – Туркманистон – 3:0
Голҳо: Сунатулло Азизов, 59 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 67 (2:0). Хусрав Тоиров, 70+4 (3:0)
Қирғизистон – Ӯзбекистон – 2:3
Голҳо: Азизҷон Тошкентбоев, 2 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 29 – аз пеналти (0:2). Алишер Хайруллоев, 39 (0:3). Иличбек Атай, 41 (1:3). Берискелди Тинибеков, 46 (2:3).
Голҳо:
Эрон – Афғонистон – 0:1
Голҳо: Аҳмад Закарёи Ҳуссайнӣ, 66.
29 июли соли равон дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо дастаи мунтахаби наврасони Туркманистон вохӯрд. Оғози бозӣ – соати 18:00 буд. Дар ҳамин соат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон бо дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон бозӣ кард. Соати 20:30 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дастаҳои мунтахаби наврасони Эрон бо Афғонистон дар сатҳи баланду хотирмон баргузор шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки 26 июли соли равон дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1-уми Чемпионати CAFA бо дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Ӯзбекистон дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланду хотирмон сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 хатм гардид. Голи футболбозони ӯзбекро дар нимаи аввали бозӣ ҳамлагар Рустам Турдимуродов ба ҳадаф расонид. Аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қисмати дуюм Алиҷони Айнӣ ба задани гол даст ёфт.
Бозиҳои дигари ҳамин гурӯҳ низ бо чунин натиҷа хотима ёфтанд. Дастаи мунтахаби наврасони Эрон бар дастаи мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон дидорро бо дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.
Даври 1-ум
Ӯзбекистон – Тоҷикистон – 1:1
Голҳо: Рустам Турдимуродов, 28 (1:0). Алиҷони Айнӣ, 59 (1:1).
Туркманистон – Эрон – 1:3
Голҳо: Саҷад Гулмуҳаммадӣ, 15 (0:1). Батир Саҳидов, 60 (1:1). Ёдгор Ростамӣ, 66 – аз пеналти (1:2). Алиакбар Ранҷбар, 70+5 (1:3).
Афғонистан – Қирғизистон – 2:2
Голҳо: Аламбек Абилқасимов, 17 (0:1). Нурсент Азаматов, 32 (0:2). Меҳдӣ Иброҳимӣ, 44 (1:2). Аҳмад Зикрё, 51 (2:2).
27 июли соли 2019 дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бар тими мунтахаби наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Бозии ин дастаҳои мунтахаб дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланду хотирмон доир гашт. Голҳоро Муҷовид Шовайсиддинов ва Муҳаммадворис Сайдалиев заданд.
Дар бозиҳои дигар дастаи мунтахаби наврасони Афғонистон бар дастаи мунтахаби наврасони Туркманистон бо ҳисоби 1:0 ва дастаи мунтахаби наврасони Эрон бар дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.
Даври 2-ум
Тоҷикистон – Кирғизистон – 2:0
Голҳо: Муҷовид Шовайсудинов, 38 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 60 – аз пеналти (2:0).
Афғонистон – Туркманистон – 1:0
Голҳо: Аҳмад Закарёи Ҳуссайнӣ, 22.
Ӯзбекистон – Эрон – 1:2
Голҳо: Холид Роҳанӣ, 10 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 16 – аз пеналти (1:1). Саҷод Ҳодимӣ.
Тибқи низомнома, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA U-16 тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






