ФУТБОЛ: дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор Чемпионати CAFA-2019 баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 22.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 июл то 1 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Турманистон, Афғонистон ва Қирғизистон баргузор мешавад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Чемпионат аз миёни шаш даста беҳтаринро муайян мекунад. Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирокчиёни Чемпионати CAFA-2019 мебошанд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор мегузаранд.
Бояд зикр кард, ки дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Аҳлиддин Турдиев ширкат мекунад. Ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони мо давраи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 14-22 сентябр дар Урдун доир мегардад. Дар мусобиқаҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад.
Чемпионати CAFA-2019 миёни мунтахабҳои наврасон (U-16)
1-ум давр
26 июл (ҷумъа)
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Эрон
Афғонистон – Туркманистон
2-юм давр
27 июл (шанбе)
ТОҶИКИСТОН – Туркманистон
Афғонистон – Қирғизистон
Ӯзбекистон – Эрон
3-юм давр
29 июл (душанбе)
Туркманистон – Ӯзбекистон
Эрон – Афғонистон
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
4-ум давр
30 июл (сешанбе)
Қирғизистон – Туркманистон
Эрон – ТОҶИКИСТОН
Афғонистон – Ӯзбекистон
5-ум давр
1 август (панҷшанбе)
Туркманистон – Эрон
Ӯзбекистон – Қирғизистон
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






