Кӯдакону наврасони ниёзманд, ки наздиконашон гирифтори бемории силанд, ба истироҳати тобистона фаро гирифта шуданд

Июль 24, 2019 16:56

ШАҲРИНАВ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.   Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи «Қаратоғ»»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2019» 55 нафар кӯдакону наврасони ниёзмандро, ки волидайну наздиконашон ба бемории сил гирифторанд, аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Бохтар, Кӯлоб, ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ ва  А. Ҷомӣ ба табобати солимгардонии тобистона ҷалб  намуд.

Тибқи иттилои масъулини муассиса, барои  солимгардонии кӯдакону наврасон дар осоишгоҳ аз ҷониби табибону ҳамшираҳои тиббӣ бо назардшти зарурат ва таъйиноти табибон ба ҳамаи бошандагон витамину минералҳои зарурӣ дода  мешаванд. Инчунин дар як шабонарӯз кӯдакону наврасони осоишгоҳ чор маротиба бо хӯрокҳои гарму лазиз таъмин карда мешаванд. Дар баробари ин, барои обу тоб додани бадани кӯдакону наврасон дар як шабонарӯз ду маротиба дар ҳавзи шиноварӣ машғулиятҳои шиноварӣ ва оббозӣ ташкил карда мешаванд.

Қобили тазаккур аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланди маърифатию иҷтимоӣ ташкил намудани истироҳати бофароғати тобистонаи кӯдакон ва барои рушду равнақи зеҳнии кӯдакону наврасон бозичаҳои гуногуну ашёи зарурӣ барои бозиҳои гурӯҳӣ, ба монанди шоҳмот, шашка, боулинг, футбол, волейбол, баскетбол, тахтача барои партофтани дротикҳо, ҳалқаи тобтияк, арғамчини пар -парак ва ғайра дастрас карда шудаанд.

Айни замон дар чоҳи амудии осоишгоҳ корҳои таъмирӣ ба анҷом расонида шуда, насоси обкашии он иваз карда шудааст. Иваз намудани насоси обкашии чоҳи амудӣ иқтидори обтаъминнамоии Осоишгоҳро афзоиш дода, барои бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани ҳавзи шиноварӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин тибқи барномаҳои тарҳрезигардида, барои кӯдакони Осоишгоҳ баррасии барномаҳои театрикунонидашуда, сайру гашт дар мавзеъҳои зебоманзари дараи Қаратоғ ва ташриф ба Осорхонаҳои таърихӣ пешбинӣ карда шудааст.

Бояд гуфт, ки бемории сил яке аз бемориҳои сироятист. Соли 2017 дар ҷаҳон қариб 10 миллион нафар  ба  ин беморӣ гирифтор шуда, дар  натиҷа  1,6 миллион нафари онҳо аз олам даргузаштанд. Аз ҷумла, соли 2017 дар саросари олам 1 миллион нафар кӯдакон ба бемории сил мубтало гашта, 230 000 нафари онҳо  аз ин беморӣ фавтиданд.

Илова бар ин, бемории сил метавонад ба қишри аз ҳама осебпазиртарини ҷомеа бештар таъсири манфӣ расонад. Новобаста аз мушкилоте, ки бо ташхис ва табобати бемории сил дар байни кӯдакон алоқамандӣ доранд, мо дар Тоҷикистон нишон додем, ки тавассути дар маркази диққат гузоштани бемор, ба воситаи дору ва реҷаҳои табобатии нав, ташкил намудани усули фаъоли дарёфти беморон, инчунин дарёфт кардан ва табобат намудани бемории сил дар байни кӯдакон ва фарогирӣ ба табобати санаторию курортӣ имконпазир мебошад. Бемории сил табобатшаванда аст. Тавассути ташхис ва табобати саривақтӣ мо метавонем ин бемории сироятиро аз байн барем.

Июль 24, 2019 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид