Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода чор нафар нақбканро аз чуқурии 270 метр наҷот доданд

Июль 18, 2019 15:25

ДУШАНБЕ, 18.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор нафар нақбканро аз чуқурии 270 метр беосеб наҷот доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки 17 июли соли равон дар майдони амудии кони №8, ки ба Ҷамъияти саҳомии кушоди «Ангишт»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд мансуб аст, ҳодисаи нохуш рух дод.

«Барои муайян намудани сабабҳои садама ва гузаронидани корҳои садамавиву наҷот 5 нафар кормандони взводи ҳарбии наҷоти кӯҳии Кумита дар шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муҳандиси минтақавии роҳандозии корҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш А.Эшонбобоев ва фармондеҳи взводи наҷоти кӯҳӣ И.Маликов фавран ба ҷойи ҳодиса роҳсипор  гардиданд», — афзуд манбаъ.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар аввалин бозрасӣ маълум гардид, ки сабаби ҳодиса канда шудани қубури махзани интиқоли оби кони № 8 аз қубури гармидиҳанда будааст. Дар натиҷаи фалокат қубур ба кон-чоҳ сарозер шудааст ва роҳи хуруҷи ангиштканонро, ки ин замон дар дохил буданд, бастааст.

Дар натиҷаи роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аз ҷониби наҷотдиҳандагони кӯҳии Кумита дар шаҳри Хуҷанд 4  нафар нақбкан  аз чуқурии  270 метр наҷот дода шуданд.

 

Июль 18, 2019 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст