Кумитаи рушди сайёҳӣ: Балҷувон — ганҷинаи сайёҳии Тоҷикистон!

Июль 5, 2019 17:17

ДУШАНБЕ, 05.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Ба туфайли таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти мамлакат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи сайёҳӣ  дар ин замина корҳои зиёде ҷиҳати ба вуҷуд овардани инфрасохтори сайёҳӣ дар ноҳияи Балҷувон амалӣ гардиданд. Ин талошҳо ноҳияи Балҷувонро ба гӯшаи ҷаззоби сайёҳӣ табдил додаанд.

Имрӯзҳо табиати зебою афсонавии мавзеи Сари Хосор, ки як гӯшаи зебоманзари ноҳияи Барҷувон аст, торафт таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ва гардишгарони маҳаллиро ба худ ҷалб мекунад. Дар ин ҷо барои сайёҳон тамоми шароити зарурӣ барои сайёҳон фароҳам оварда шуда, сохмтони роҳи мошингарди «Балҷувон-Сари Хосор» босуръат  идома дорад. Ин роҳ барои рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат дорои аҳамияти бузург мебошад. Дарозии умумии ин роҳи мошингард 33 км-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки боғи табиии Сари Хосор дар ҳайати Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 3805 гектар доман паҳн намуда, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноту набототи ин мавзеъ таъсис дода шудааст. Ҳамин аст, ки ин минтақа бо табиати нодир, обҳои мусаффо ва ҳайвоноти гуногун мавзеи диққатҷалбкунандаи сайёҳӣ гардидааст.

Сари Хосор мавзеи кӯҳӣ буда, релефи хеле мураккаб дорад. Баландии мутлақи қаторкӯҳҳо дар ин мавзеъ 1000-1500 метр аз сатҳи баҳрро ташкил медиҳад, ки  қуллаҳои онҳо дар баландии зиёда аз 300 метр қомат афрохтаанд.

Сари Хосор бо обҳои мусаффо, чашмаҳои ҷӯшону шифобахш, ёдгориҳои таърихӣ, ҳайвоноту набототи нодир ва табиати гуворояш дар сар то сари мамлакат маълуму машҳур аст. Шаршараи нодиру табиии Пушти Боғи ин мавзеъ диққати миллионҳо одамонро мутаваҷҷеҳ сохтааст.

Бино ба маълумоти санҷидашудаи илмӣ, дар  Сари  Хосор беш аз 200 чашма мавҷуданд, ки ширину хуштаъм мебошанд. Минералнокии обҳои ин чашмаҳо аз 0.2 то 3.0 г/л-ро ташкил медиҳад. Дар баробари чашмаҳои нодир ҷамоаи ҷангалзори паҳнбарг, ҷангалзори омехтаи мезофилӣ бо арчазор, оҳаксангҳои давраи палеоген, конгломератҳои давраи неоген, Ёдгории геологии Сари Уштур, Шаршараи Пушти Боғ ғавонати табиии ин гӯшаи зебоманзар ҳастанд. Ёдгориҳои ботаникии Сари Хосор вижагиҳои худро доранд. Аҳамияти онҳо аз нуқтаи назари илмӣ, маданӣ, таърихию зебоипарастӣ басо ҷолиб аст. Махсусан чинорҳои бисёрсолаи ин мавзеъ бисёр нодиранд.

Тибқи таҳқиқоти ботаникӣ, чинорҳои кӯҳнаи мавзеи Даштаро, манзилгоҳи  Шоҳ Неъматуллои Заробии Балҷувонӣ, мавзеи анбори Мусо ва деҳаи Дошмандӣ аз 200 то 1300 сол умр доранд. Гузашта аз ин, чормағззорҳои мавзеи Сари Хосор ва деҳаи Дараи Мазор, тутзор ва арчазори мавзеи Сари Хосор аз ганҷинаҳои дигари ботаникие ҳастанд, ки сайёҳони зиёдеро ба ваҷд овардаанд.

Сари Хосор мавзеи бойи канданиҳои фоиданок низ ба ҳисоб рафта, тибқи ковишҳои геологӣ, дар ин ҷо захираи сурб, рӯҳ, тилло, фосфор, ангишт, намак, оҳаксанг хеле зиёд аст. Ҳанӯз замони Шӯравӣ олимон дар қабатҳои регсангҳо ва оҳаксангҳо дар жарфои 90-100 метр зуҳуроти гази табииро муайян намуда буданд. Ин захираҳои табиӣ аҳамияти баланди саноатӣ ва иқтисодӣ доранд, ки дар сурати равуои бемонеа дар чор фасли сол истихроҷи онҳо ба иқтисоди миллӣ таъсири амиқ мерасонад.

Муайян гардидааст, ки  дар ҳудуди мавзеи Сари Хосор 107 намуд ва зернамудҳои обсабзҳо, беш аз 1500 растаниҳои гулдор месабзанд, ки намояндагони оилаҳои мураккабгулон, лабгулон, лӯбиёгиҳо, хӯшадорон, настариниҳо ва ғайраҳо мебошанд.

Инчунин Сари Хосор макони сабзиши 147 намуди растаниҳои эндемикӣ ва 2 намуд растаниҳои релектӣ мебошад. Олимони табиатшинос дақиқ кардаанд, ки дар Тоҷикистон 20 навъи наботот мавҷуд аст, ки аз ин 12 хелашро  дар Сари Хосор вохӯрдан мумкин аст. Ҳамзамон 20 намуд набоботи нодире вомехӯранд, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) дохил карда шудаанд.

Дар ин минтақаи гуногунрелеф беш аз 200 намуди растаниҳои шифобахш ба қайд гирифта шудаанд. Таҳлилҳои олимони соҳаи тиб нишон додаанд, ки  аксар намудҳои растаниҳои шифобахши Сари Хосор  аз рӯи таҷрибаҳои  амалию анъанаҳои тибби халқӣ аз тарафи мардуми  маҳал барои табобати маризиҳои гуногун истифода мешаванд. Бинобар ин Сари Хосор дорои иқтидори бузурги сайёҳии табобатӣ низ ба шумор меравад.

Гуногунии агробиологӣ, ҳашарот ва парандагони нодиру зебои ин минтақаи баландкӯҳ аз ҷаззобиятҳои дигари сайёҳӣ ба шумор мераванд.

Ҳамзамон дар ҳудуди ноҳия мавзеъҳои воқеан диданӣ ва ёдгориҳои таърихӣ, аз қабили Қалъаи Мир (асрҳои 16-19), Қалъаи Чорбоғ (асри миёна), Қалъаи Тӯпхона (асри 1-и пеш аз мелод), Қалъаи Дектур (асри 17-19), мавзеъҳои «Чаноро», «Чалгонӣ», «Додӣ», оромгоҳҳои ҳазрати шоҳи Аккоша, Искандар, Хинчи Парвоз, Санги сабз, Соҳиб Шоҳбақои Туморӣ, Саид Минҳоҷи Марди Валӣ, Шоҳ Неъматуллои Заробӣ, Хоҷа Қутбиддин ва бошишгоҳҳои давраи асри санг ва деҳаҳои Файзобод ва Шаҳиди Бобохон вуҷуд доранд, ки аз таърихи бостонии Балҷувон гувоҳӣ медиҳанд.

Инфрасохтори хизматрасонии ноҳия ҳам тадриҷан хуб мегардад. Дар ноҳия 1 хонаи фарҳангӣ, 5 клуби деҳотӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 6 китобхонаи деҳотӣ, 1 осорхонаи мардумӣ, 1 осорхонаи таъриху кишваршиносӣ, 1 осорхонаи  Қаҳрамони иттиҳоди Шӯравӣ ба номи Саидқул Турдиев, 6 адад ёдгориҳои меъморӣ, 8 адад ёдгориҳои таърихӣ, 3 адад ёдгориҳои бостоншиносӣ, 6 адад ёдгориҳои монументалӣ мавҷуданд ва ин муассисаҳои фарҳангӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Дар ноҳияи Балҷувон ҳоло як адад меҳмонхона дар Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев, 10 ошхонаи хурду бузург ва дигар марказҳои савдою хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, ки ба соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд. Сайёҳони дохилию хориҷии ба ноҳия ташрифоварда аз ин марказҳои хизматрасонӣ истифода мебаранд.

Дар ноҳия касбу ҳунарҳои мардумии қадимаву имрӯза ривоҷ доранд. Аз ҷумла, ҳунарҳои табақтарошӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва ғайра. Инчунин занону духтарони ҳунарманди ноҳия ба ҳунарҳои  зардӯзӣ, нақшдӯзӣ, гӯлдӯзӣ, чакандӯзӣ, чодардӯзӣ, қаламарезгӣ, атласу адрасбофӣ, ҷӯроббофӣ, қолинбофӣ машғул буда, барои меҳмонон ҳар гуна армуғону дастовезҳо таҳия менамоянд. Хӯрокҳои маъмул дар ноҳия- ин оши бурида, атола, оши палав, шакароб, ревич, фатирмаска, тутпиз, ширбиринҷ, ширравған, нонҳои чапотӣ, фатиру кулчаҳои калону хурд, таҳмол, қалама, қурутоб ва монанди онҳо мебошанд.

Дар  ин ҷо  кӯҳҳои баланду шаршараҳои зебо бо таносуби рангҳои майсазорону бунафшаву пудинаҳои лаби об ва садои резиши шаршараву хониши парандагони хушхон ҳар бинандаро мафтун месозад.  Ҳамчунин дар кӯҳсорони ноҳия ҳайвоноту парандагони кӯҳӣ мавҷуданд, ки шикорчиён аз гӯшаву канори гуногуни олам ба инҷо барои сайд омада, бо иҷозатномаи мақомоти ҷангалбонӣ ба шикор шуғл меварзанд.

Аз нигоҳи омӯзиши гузаштаҳои таърихӣ, дидани қалъаи Мири Балҷувон, ки таърихи беш аз 250-300 сола дорад, писанди гардишгарон мегардад. Бо назардошти ин ва даҳҳо хусусиятҳои дигар миллат ба феҳристи мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон ворид гардида, мақоми минтақаи туристии байналмилалиро доро гаштааст.  Айни замон дар ноҳияи Балҷувон ду хатсайри сайёҳӣ амал мекунанд, ки инфрасохтори онҳо тадриҷан ба сатҳи байналмилалӣ бароварда хоҳад шуд.

 

Июль 5, 2019 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд