МАФКУРАИ ДИНӢ МАФКУРАИ УМУМИҲАТМӢ НЕСТ. Ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» 10 сол пур шуд
ДУШАНБЕ, 05.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» даҳ сол гузашт. Ин қонун, ки соли 2009, дар Соли Имоми Аъзам ба майдон омада буд, тавонист дар ҷомеаи мо барои беҳдошти вазъи дин ва муносибат бо он нақши мусбат бозад. Чунончи, дар моддаи 1-и қонуни мазкур омадааст, ки «он муносибатҳо оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии вичдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзим менамояд».
Зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода оид ба таърих ва моҳияти ин санади муҳим ибрози назар намуд.
«Дар замони муосир омилҳои ҷудоихоҳӣ ва коста гардидани ғояи ваҳдати миллӣ дар аксарияти кишварҳои мусулмонии олам маҳз аз бетанзимии муносибати инсонҳо ба дин ва давлат сар мезанад. Ин аст, ки дар Тоҷикистон ба масъалаи номбурда баъди соҳиб шудан ба истиқлолият таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд ва дар натиҷа дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқӣ заминаҳои воқеӣ эҷод шуданд», — зикр намуд ӯ.
Воқеан таъсири мутақобилаи се падида, яъне дин, давлат ва ҷамъият яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар баробари он таъмини ваҳдат ва амнияти миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд. Қонуни мазкур дар ин самт нақши бориз дорад. Агар ба таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷик назар намоем, мебинем, ки чӣ дар аҳди Тоҳириёну Сомониён ва чӣ дар давраи ҳукумати сулолаҳои баъдӣ ҳокимияти давлатӣ кӯшиш мекард, ки бо ҳар роҳу усулҳои имконпазир дар ҷамъият вазъи таъсиру нуфузи диниро муътадил ва бо як маром нигаҳ доранд ва нагузоранд, ки ҳар гуна ҳаракатҳои тундрав рӯи кор оянд. Ин амал ба хотири тинҷиву осоиштагӣ, оромии ҷомеа ва пеш гирифтани тундбоди ҳаводиси таърих буд. Ҳақиқат ин ҷост ва далели андешаҳои мо, интишори китоби «Ассавод-ул-аъзам» бо дастуру супориши махсуси Амир Исмоили Сомонӣ аз ҷониби фақеҳон ва илоҳиётшиносони маҳаллӣ мебошад. Яъне барои халқи тоҷик ва дигар халқҳои минтақаи Осиёи Миёна масъалаҳои марбут ба муносибати дин, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, суботу амният, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа масоили нав набуда, дар замони муосир дар шакли нав арзи ҳастӣ намудаанд.
Мӯсозода афзуд, ки «ислом на танҳо идеологияи муайян бо таълимоти диниву ахлоқӣ аст, балки фарҳанги махсуси тамаддуни тавҳидӣ низ мебошад. Меъёрҳои вай ба ҳалли масъалаҳои диниву шахсӣ ва ҳамзамон ба танзими амали ҳамарӯзаи мусулмонон дар ташаккули образи он ба ҳаёти ҳаррӯза равона карда шудаанд. Аз ин рӯ нодуруст тавзеҳ додани рисолаи аслии ислом моро ба гумроҳӣ мебарад. Ба қавле:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб ки ҳаст дар мусулмонии мост
Имрӯз вақте мо сари ин мавзӯъ бо мардум суҳбату мулоқот мекунем, қаноатмандии мардум, хусусан ходимони динро аз ин қонун эҳсос мекунем.
Махсусан имрӯз, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва ягона мебошад, дар боби якум, моддаи 8-уми Конститутсияи Тоҷикистон оид ба фаъолияти озоди иттиҳодияҳои динӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ишора рафтааст. Амалан вақте назар мекунем, дар ҳақиқат дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла, вилояти Суғд даҳҳо масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва садҳо масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта тибқи оиннома ва низомномаи худ фаъолият карда, ба мардум барои баровардани эҳтиёҷи динӣ хидмат мекунанд.
Мӯсозода дар мавриди муносибати дин ва давлат изҳор намуд, ки “масъалаи муносибати давлат ба дин дар ин қонун возеҳу равшан баён шудааст. Тибқи Конститутсия, дин дар ҳимояи давлат аст, доир ба ин масъала дар боби 2 ва моддаи 5 чунин омадааст:
- Давлат барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
- Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ як мафкураи динӣ ҳамчун мафкураи давлатӣ ва умумиҳатмӣ эътироф намешавад. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва давлат ба зиммаи иттиҳодияҳои динӣ иҷрои вазифаҳои мақомоти давлатиро намегузорад».
Аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҳанафимазҳаб мебошанд, барои ҳамин ҳам дар сархати қонуни мазкур омадааст: «Бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон Қонуни мазкур қабул карда мешавад».
Давоми даҳ соли сипаришуда бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ва дохили мамлакат ташаббусҳо ва чорабиниҳои зиёд дар ин соҳа ба анҷом расонида шуданд.
Аз ҷумла, баргузории конфронсу симпозиумҳо ва чорабиниҳои калони сиёсӣ бо иштироки афроди фарҳехтаи рӯи олам дар пешрафти маърифати сиёсӣ ва динии мардум нақши калон бозид. Аз ҷумла, эълон шудани Соли 2009-соли Имоми Аъзам ва дар доираи он баргузории Конфронси байналмилалӣ, конфронси илмӣ-амалии «Тоҷикистон ва фарҳанги исломӣ» соли 2010, конфронси ҷумҳуриявӣ ба муносибати 1200- солагии Имом Ал-Бухорӣ ва даҳҳои дигар аз муҳимтарин ташаббусҳои Пешвои миллат маҳсуб мешаванд.
Сохтмони масҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, санги асос гузоштан ба сохтмони Донишкадаи Исломии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Қонуни мавҷуда амал мекунад ва дар баланд бардоштани маърифати динии мардум саҳм мегузорад. Дар самти амалӣ шудани Қонуни мазкур мақоми Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Исломии Тоҷикистон калон аст. Ба дараҷаи баланд ва бо далелу ҳуҷҷатҳои раднопазир таҳия намудани мавъизаи рӯзи ҷумъаи имом-хатибон ташаббуси беҳтарин маҳсуб мешавад, ки дар фаьолияти имом-хатибон таъсири худро гузоштааст.
Ҳамин тариқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» давоми 10 сол ҳаёти динии мардуми моро ба танзим даровард ва он раҳнамо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии динӣ ва дунявӣ мебошад.
Саидумрон САИДОВ