Муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби ду медали тилло ва як нуқра шуданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 21 июли соли равон ба хотираи бародарон Урал ва Корган Айтеновҳо дар шаҳри Қустанайи Ҷумҳурии Қазоқистон 20-умин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни ҷавонон баргузор шуд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур 105 нафар варзишгар аз 6 давлат – Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 7 нафар варзишгар – Сорбон Каримов (49кг), Муродҷон Ёқубов (52кг), Шамшер Саидов (64кг), Далерҷон Шарипов (60кг), Шоҳрух Ҷиянов (69кг), Рамоил Қурбонов (75кг) ва Абдулло Кенҷаев (75кг) ширкат намуда, ба гирифтани ду медал – 1 тилло ва 1 нуқра мушарраф шуданд.
Медали тиллоро Рамоил Қурбонов дар вазни 75 кг ба даст овард. Ӯ дар чорякфинал бар Иля Медяник, дар нимфинал бар Бекболат Абдулкарим ва дар финал бар Одил Соттибеков (ҳар се аз Қазоқистон) пирӯз шуд.
Медали нуқраро Сорбон Каримов дар вазни 49кг сазовор гардид. Сорбон дар чорякфинал Арал Бозорбоев, дар нимфинал Дамир Маналибоевро шикаст дода, дар финал аз Темирлан Айтан (ҳар се аз Қазоқистон) мағлуб шуд.








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






