НАФАҚА БАРОИ …ФАВТИДАГОН? Дар ноҳияи Рӯдакӣ 325 ҳазору 723 сомонӣ ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бозпас гардонида шуд

Июль 9, 2019 16:19

 РӮДАКӢ, 09.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо филиали рақами 13-и «Амонатбонк» дар шаш моҳи соли равон оид ба баъди фавти нафақагирон бозпас гардонидани маблағи андозаи нафақа ва чор моҳ амалиёт нагузаронидани нафақаи нафақагирон, ки дар суратҳисоби бонкиашон маблағи бақияи нафақа вуҷуд дошту онҳо сари вақт амалиёти бонкӣ нагузаронидаанд, санади муқоисавӣ гузарониданд. Тибқи он аз 1149 нафар нафақахӯр 879 ҳазору 175 сомонӣ ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонида шуд,  иттилоъ  медиҳад хабанигори минтақавии АМИТ “Ховар” Субҳониддин МАҲМУД.

Гуфта мешавад, ки аз ин шумора 626 нафар нафақагирони фавтида мебошанд, ки маблағи бозпасгардидаи онҳо 325 ҳазору 723 сомониро ташкил медиҳад.

Муовини  сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Рӯдакӣ Олим Ҷураев гуфт, ки «20 июни соли равон барои 1175 нафар нафақагироне, ки  аз соли 2017 то инҷониб амалиёт нагузаронидаанд ва маблағи бақияи нафақаашон 75 ҳазору 756 сомониро ташкил медиҳад, ба мудири филиали рақами 13-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиати хаттӣ намудем. Айни замон масъалаи бозпас гардонидани нафақаи 1175 нафар мавриди санҷиш қарор дорад».

Хотиррасон менамоем, ки тибқи меъёрҳои қонунгузрии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар бораи санаи  фавти шаҳрвандон мақомоти САҲШ бояд сари вақт ба мақомоти марбутаи нафақа хабар диҳанд.  Тавре  мутахассиси САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ Муборак Мирзоева иброз медорад, дар асоси мубодилаи иттилоот  дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон  соли равон зиёда аз 8 маротиба ба раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа рӯйхат оид ба фавти шаҳрвандон  бо шумораи 873 нафар пешниҳод намудаанд. Аз ин шумора 640 нафар нафақагирон мебошанд,   пардохти нафақаи онҳо  сари вақт қатъ карда шудааст.

Июль 9, 2019 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад