НЕСТ БОД САВДОИ ОДАМОН! Дар Душанбе коршиносон доир ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин мушкилӣ табодули назар намуданд

Июль 30, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 30.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистон ва роҳандозии низоми мусоидат ба қурбониёни савдои одамон дар маркази таваҷҷуҳи ҳамоиши илмие қарор гирифт, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ҳамоиш ба Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон, ки ҳамасола 30 июл таҷлил  мегардад, бахшида шуд.

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ), Маркази миллии таълимии муқовимат ба савдои одамони  назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш мебошанд. Намояндагони марказҳои таҳлилӣ, донишгоҳҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идораҳои давлатӣ дар ҳамоиш аз таҷрибаву дониши худ доир ба таваҷҷуҳ ба қурбониёни савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо сухан гуфта, истифодаи фанновариҳои муосирро дар муқовимат  бо ин зуҳуроти номатлуб  дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Иштирокдорони ҳамоиш доир ба  иштироки намояндаи қурбонӣ дар ҷараёни тафтиш ва мурофиаи судӣ, таъмини маҷмӯъи кумакҳо ба қурбониёни савдои одамон, истифодаи интернет дар ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва муҳоҷирати номуназзам, таҷрибаҳои пешрафтаи минтақавӣ-ҷаҳонӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Муқовимат ба савдои одамон яке аз вазифаҳои асосии  СБМ буда, тақрибан ду даҳсола боз СБМ ба Ҳуқумати Тоҷикистон дар таҳияи заминаҳои қонунӣ ва таҳкиму тақвияти тавоноӣ дар муқовимат ба савдои одамон, ҳимояи қурбониён ва ҷазо додани ҷинояткорон мусоидат мекунад. Аз ҷумла, соли 2019 СБМ ба 17 қурбонии савдои одамон дар ҷумҳурӣ  ёрии мустақим расонида, аз 8 ҳодисаи дигари савдои одамон ҷилавгирӣ намудааст, ки бештарашон мардон будаанд.

 

Июль 30, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд