НЕСТ БОД САВДОИ ОДАМОН! Дар Душанбе коршиносон доир ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин мушкилӣ табодули назар намуданд
ДУШАНБЕ, 30.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистон ва роҳандозии низоми мусоидат ба қурбониёни савдои одамон дар маркази таваҷҷуҳи ҳамоиши илмие қарор гирифт, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ҳамоиш ба Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон, ки ҳамасола 30 июл таҷлил мегардад, бахшида шуд.
Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ), Маркази миллии таълимии муқовимат ба савдои одамони назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш мебошанд. Намояндагони марказҳои таҳлилӣ, донишгоҳҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идораҳои давлатӣ дар ҳамоиш аз таҷрибаву дониши худ доир ба таваҷҷуҳ ба қурбониёни савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо сухан гуфта, истифодаи фанновариҳои муосирро дар муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Иштирокдорони ҳамоиш доир ба иштироки намояндаи қурбонӣ дар ҷараёни тафтиш ва мурофиаи судӣ, таъмини маҷмӯъи кумакҳо ба қурбониёни савдои одамон, истифодаи интернет дар ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва муҳоҷирати номуназзам, таҷрибаҳои пешрафтаи минтақавӣ-ҷаҳонӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Муқовимат ба савдои одамон яке аз вазифаҳои асосии СБМ буда, тақрибан ду даҳсола боз СБМ ба Ҳуқумати Тоҷикистон дар таҳияи заминаҳои қонунӣ ва таҳкиму тақвияти тавоноӣ дар муқовимат ба савдои одамон, ҳимояи қурбониён ва ҷазо додани ҷинояткорон мусоидат мекунад. Аз ҷумла, соли 2019 СБМ ба 17 қурбонии савдои одамон дар ҷумҳурӣ ёрии мустақим расонида, аз 8 ҳодисаи дигари савдои одамон ҷилавгирӣ намудааст, ки бештарашон мардон будаанд.








Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






