Обро на ба миқдори зиёд, балки кам-кам, вале бардавом бинӯшед — тавсияҳои табибон зимни гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво

Июль 22, 2019 16:37

ДУШАНБЕ, 22.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки то 28 июли соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад.

Ба иттилои агентӣ, аз  22 то 28 июли соли равон  дар қаламрави Тоҷикистон бо сабаби воридшавии ҳавои гарми Эрон тавассути қаламрави Туркманистон ва Ӯзбекистон, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ баланд шуда, то  40-43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 44-46 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 32-37 дараҷа ва дар ноҳияи Дарвоз то 41 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст. Дар ин давра, дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Зарафшон ва болооби онҳо баландшавии якбораи сатҳи об дар назар буда, эҳтимолияти шусташавии соҳилҳо,  омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг дар минтақаҳои кӯҳӣ дар назар аст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва мемонони мамлакат муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафар ба ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Сокинони маҳаллӣ низ ҳангоми ҷамъоварии ҳезум, дарави алаф ва шикор зиракиро аз даст надиҳанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки дар гармо бидуни зарурат ба кӯча набароянд, ҳадди ақал аз соати 11 то 17 дар хона бимонанд. Вале агар зарурати баромадан дошта бошанд, пас либоси тунуки равшани аз матои  табиӣ дӯхташуда пӯшанд ва кулоҳи сабук дар сар дошта бошанд. Ҳатман бо худ оби бегаз гиранд. Дар кӯча бештар дар сояҳо роҳ раванд, сари чанд вақт барои раҳоӣ аз гармо ба мағозаву дӯконҳо дароянд.

Ба таъкиди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ,   ҳангоми истироҳат дар соҳили дарёву каналҳо ва дигар махзанҳои об бояд эҳтиёткор буд, қоидаҳои бехатарии шиновариро бояд ҷиддан риоя кард ва дар маконҳое, ки оббозӣ мамнуъ аст, набояд саргарми шиноварӣ шуд.

Бояд гуфт, ки  дурудароз истодан дар зери шӯълаи  сӯзони офтоб ҳамчунин боиси офтобзанӣ, сӯхтани пӯст, дарди сар, дилбеҳузурӣ ва дигар ноҷӯриҳо мегардад.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, гармшавии  аз меъёр зиёди ҳаво махсусан  барои гирифторони бемориҳои диабети қанд ва системаи дилу рагҳо мушкилиҳо пеш меорад.

Тавре дар суҳбат  духтури кардиологи Маркази саломатии №15 шаҳри Душанбе Шакархӯҷа Зулфиқоров зикр намуд,  аз гармии зиёд бадан бештар арақ намуда, об бухор мекунад. Бинобар ин  консентратсияи қанди хун баланд мешавад. Аксар  мубталоёни бемории  диабети қанд дар  як вақт ба дигар бемориҳои музмин, аз қабили фишорбаландии шараёнӣ, бемории ишемиявии дил, норасоии музмини дил ва гурдаҳо гирифторанд. Аз ин рӯ, зимни гармии зиёд агар яке аз ин бемориҳо хурӯҷ кунад, он метавонад сабаби  авҷ гирифтани бемориҳои дигар шавад.

-Пеш аз ҳама, кӯшиш бояд кард, ки дар соатҳои баланд будани ҳарорати ҳаво ба берун  набароянд, – гуфт номбурда. – Бештари вақтро дар дохили бино ва ё зери сояи дарахтону ҷойҳои салқин гузаронанд. Обро на якбора ба миқдори зиёд, балки кам- кам, вале бардавом бинӯшанд. Ба ҷои ғизоҳои серравған, хӯрокҳои сабуки сабзавотӣ, чакаю ҷурғот, помидор, райҳон ва дигар кабудиҳо истеъмол намоянд. Шарбати на он қадар ширин, чолоби бенамак ё камнамак низ дар баробари чойи сабз ташнагиро хуб мешикананд. Ғизоро камнамак бояд  пухт. Зеро истеъмоли намаки барзиёд сабаби  баландшавии фишори хун мегардад.

Ҳамчунин мудири  бахши котиботи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Обидҷон Аминзода дар суҳбат зикр намуд, ки дар фасли тобистон аз беэҳтиётӣ ҳодисаҳои дарунравӣ миёни кӯдакону наврасон бештар рӯй медиҳанд. Чунки дар натиҷаи ҳарорати баланди ҳаво кӯдакон бепарвоёна оби ноҷӯшонида, меваю сабзавоти ношуста, яхмосу нӯшобаҳои пастсифат ва ғайра истеъмол мекунанд. Бинобар ин волидайнро зарур аст, ки барои пешгирии бемориҳо ба кӯдакон шароити мусоид фароҳам оранд.

Масалан, дар зарфи болопӯшидае оби ҷӯшондашуда, шарбат, чолоб ва ё чойи хунукро нигоҳ доранд, то кӯдакон зимни эҳсоси ташнагӣ онҳоро истеъмол кунанд, чунки аз яхдон якбора гирифта нӯшидани нӯшобаҳои хунук метавонад боиси авҷгирии дарди дандону гулӯ ва узвҳои нафаскашӣ гардад.

Ба гуфтаи Обидҷон Аминзода, дар айни баландшавии гармии ҳаво ба кӯдакон оббозӣ кардан дар ҷӯю дарёҳо тавсия дода намешавад.  Зеро вақте кӯдакон аз об баромада дар офтоби тасфон дароз  мекашанд, пӯсташон сӯхта, осеб мебинад. Инчунин кӯдакон аз беэҳтиётӣ оби ҷӯю дарёҳоро менӯшанду гирифтори дарунравӣ мешаванд.

Дар фасли тобистон ҳолати аз  истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ заҳролуд гардидан зиёд дучор мешавад. Чунки дар рӯзҳои гарми ин фасл барои афзоиш ва паҳн гардидани микроорганизмҳои зараровар шароити мусоид фароҳам меояд. Дар натиҷа кас бемадорӣ, дилбеҳузуршавӣ ва нороҳатӣ эҳсос мекунад. Яке аз сабабҳои заҳролудшавӣ- ин истеъмоли ғизои муддати истифодааш гузашта ва ба туршшавӣ оғознамуда мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ,  эҳтимоли аз маҳсулоти ҳасибӣ, тухм, каллапочаи яхнӣ, гӯшт ва моҳии консервшуда, шӯрбоҳо, шир ва маҳсулоти ширӣ заҳролудшавӣ зиёд аст.

Ба гуфтаи мутахассисон, ҳарорати баланд (38-39 дараҷа), гум шудани иштиҳо, беҳолӣ, табларза, дилбеҳузурӣ, печиши шикам, дарунравӣ, қайкунӣ, дар забон пайдо шудани қабати сафедчатобу хокистарранг нишонаҳои заҳролудшавианд. Аз ин рӯ, бо мушоҳида кардани ин нишонаҳо фавран беморро ба шифохона бурда, бистарӣ намудан лозим аст.

Барои касоне, ки дар саҳро кор мекунанд, аз соати 5- и субҳ то соатҳои  8 – 9 -и рӯз кор кардан  кифоя аст. Сипас баъди нисфирӯзӣ аз соати 17 то 20 метавонанд корро идома диҳанд.

Истифода аз нӯшобаҳои газдори ширин, махсусан энергетикҳо ташнагиро нашикаста, баръакс талабот ба обнӯширо зиёд мегардонанд. Зеро миқдори қанд дар онҳо зиёд аст. Миқдори истеъмоли об ва дигар моеот дар як шабонарӯз бояд аз 3 литр зиёд набошад. Якбора нӯшидани оби зиёд кори гурдаҳоро душвор мегардонад.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2019 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Онлайн-қарзҳо, такси, доруворӣ аз рӯи дорухат: Super App-и маъруф боз ҳам муносибтар шуд
ҲИЗБЕ, КИ ОРМОНҲОИ МАРДУМРО АМАЛӢ МЕНАМОЯД. Бардошт аз ҳамоиш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хоруғ баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Дар Шаҳринав баҳри таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон корҳои тозакунии роҳ аз барф идома доранд