ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво баланд шуда, ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешбинӣ шудааст

Июль 5, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво баланд шуда, давраи гармӣ ва баландшавии ифлосшавии ҳавои атмосферӣ  пешбинӣ шудааст. Дар  шаҳри Душанбе моддаҳои муаллақ (чанг) ва РМ-10 (заррачаҳои қутрашон 10 микрон) мушоҳида мегарданд.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Манбаъ огоҳ менамояд, ки ин гуна ҳаво  ба кӯдакон ва пиронсолоне, ки  ба бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо мубтало мебошанд, таъсири худро мерасонад. Аз ин рӯ ҷиҳати ҳифзи аҳолӣ аз таъсири манфии гармӣ ва ифлосшавии ҳаво ба аҳолии мамлакат тавсия дода мешавад, ки аз гаштугузор дар ҳавои кушод худдорӣ намоянд. Аз  соати 11:00 то 17:00  бе зарурат сайругашт накунанд. Қитъаҳои наздик ба шоҳроҳҳои автомобилгард, ҳангоми ҳаракати пуршиддати нақлиёт (махсусан дар минтақаҳои паст ва вазиши ками ҳаво мавҷудбуда) барои саломатии инсон хатарнок мебошанд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1+6 ва  рӯзона 15+20 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати  10-15 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва   рӯзона    20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 3-8 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 16+21  ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе  бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 16+18 ва  рӯзона 35+37  дараҷа гарм мешавад.

Июль 5, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд