ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ: Аргентина, Испания ва Камерун — рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Июль 11, 2019 20:03

ДУШАНБЕ, 11.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11-уми июл дар қароргоҳи Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) воқеъ дар шаҳри Сюрихи Швейтсария маросими қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2019 байни футболбозони то 17-сола доир шуд. Дар ин маросим рақибони  Дастаи мунтахаби  наврасони Тоҷикистон  муайян гардиданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Шумораи иштирокчиён 24 дастаи мунтахаб   ба шаш гурӯҳи баробар тақсим  ва ба  ҳар гурӯҳ намояндаи як қитъа аз рӯи ҷуғрофия ва як федератсия шомил   шудданд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои минбаъда ва чор дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳҳо ҷойи сеюмро ишғол мекунанд, ба даври дигар роҳ меёбанд.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2019 аз 26-уми октябр оғоз шуда, то 17-уми ноябр дар кишвари Бразилия идома мекунанд.

Гурӯҳи «Е»

1. Испания

2. Аргентина

3. ТОҶИКИСТОН

4. Камерун

Июль 11, 2019 20:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад