Паҳлавони ҷавони тоҷик Шодмон Ризоев соҳиби медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид

Июль 30, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 30.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷавони   тоҷик Шодмон Ризоев 29 июл дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон сазовори медали нуқра гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба дзюдо 29 июл дар идомаи қувваозмоиҳо миёни наврасон дар Тайпейи Чин оғоз шуд.

Шодмон дар вазни -66кг пас аз пирӯзӣ бар варзишгарони Непал (Индра Баҳодур Шрестҳа), Ҳонг Конг (Ка Йу Лион Тайлор Чов), Кореяи Ҷанубӣ (Ҷунсик Парк) ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар ин давр бар Ҳаким Агаммамедови туркман дастболо шуд, вале дар финал аз намояндаи Япония Томойа Вакаса шикаст хӯрд.

Дар вазни -60кг варзишгари тоҷик Меҳрзод Суфиев ҷои панҷумро ишғол кард. Меҳрзод бар варзишгарони Макао (Так Чонг Чек), Тайпей (Син-Йу Чен), Кореяи Ҷанубӣ (Минчол Ким) ғалаба кард, вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон Кабанишбек Айбекуулу ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари Муғулистон Сухбат Бйамбасурен мағлуб гардид.

Бояд зикр кард, ки  се варзишгари дигари тоҷик-Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни-66кг, Муҳаммадшариф Наҷмуддинов дар вазни-73кг миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова дар вазни -57кг миёни духтарон дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.

Ёдовар  мешавем, ки 30 июл  қувваозмоиҳо дар 4 вазн миёни писарон ва 3 вазн миёни духтарон идома меёбанд. Варзишгарони мо дар се вазн миёни писарон иштирок мекунанд: Оламафрӯз Абдураҳмонов (-81кг), Эмомризо Анварзода (-90кг), Иброҳимҷон Элмуродов, Шарифҷон Назриев (-100кг).

Бояд гуфт, ки  дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон 170 нафар варзишгарон (100 писар, 70 духтар) аз 21 давлат иштирок доранд.

 

Июль 30, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд