Паҳлавони тоҷик Шарифҷон Назриев барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид
ДУШАНБЕ, 31.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш паҳлавони шинохтаи тоҷик Шарифҷон Назриев дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Тайпейи Чин идома дорад, барандаи медали нуқра гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Шарифҷон Назриев дар вазни -100 кг ҳунари хуб нишон дода, дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм намояндаи Қирғизистон – Орозбек Алмазбековро шикаст дода, роҳхати даври сеюмро соҳиб шуд. Барои роҳ ёфтан ба финал Шарифҷон Назриев паҳлавони шинохтаи кишвари Қазоқистон – Садуакас Бекарисро мағлуб кард. Аммо, мутаассифона, Назриев дар финал аз гӯштингири эронӣ – Алӣ Парҳезгор шикаст хӯрда, соҳиби медали нуқра шуд.
Хотиррасон мешавем, ки паҳлавони ҷавони дигар тоҷик Шодмон Ризоев 29 июл дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон сазовори медали нуқра гардида буд.
Чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба дзюдо 29 июл дар идомаи қувваозмоиҳо миёни наврасон дар Тайпейи Чин оғоз шуд.
Шодмон дар вазни -66кг пас аз пирӯзӣ бар варзишгарони Непал (Индра Баҳодур Шрестҳа), Ҳонг Конг (Ка Йу Лион Тайлор Чов), Кореяи Ҷанубӣ (Ҷунсик Парк) ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар ин давр бар Ҳаким Агаммамедови туркман дастболо шуд, вале дар финал аз намояндаи Япония Томойа Вакаса шикаст хӯрд.
Дар вазни-60кг варзишгари тоҷик Меҳрзод Суфиев ҷои панҷумро ишғол кард. Меҳрзод бар варзишгарони Макао (Так Чонг Чек), Тайпей (Син-Йу Чен), Кореяи Ҷанубӣ (Минчол Ким) ғалаба кард, вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон Кабанишбек Айбекуулу ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари Муғулистон Сухбат Бйамбасурен мағлуб гардид.
Се варзишгари дигари тоҷик-Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни-66кг, Муҳаммадшариф Наҷмуддинов дар вазни-73кг миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова дар вазни -57кг миёни духтарон дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон 170 нафар варзишгарон (100 писар, 70 духтар) аз 21 давлат иштирок доранд.








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






