Паҳлавонони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё-2019 иштирок мекунанд

Июль 3, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 03.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 7 июли соли равон дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасон баргузор мешавад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур гӯштингирони навраси қораи Осиё дар намудҳои гӯштини озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гӯштини занона (10 вазн) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  ин чемпионат 13 варзишгари шинохта бо роҳбарии мураббиён Абдурозиқ Олимов ва Фаррухрӯз Раҳмонов намояндагӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштин. Шаҳри Нурсултон, Қазоқистон

Гӯштини юнонӣ-римӣ:
1. Алимов Суҳроб (вазни 45кг)
2. Худойбердиев Давлатҷон (48кг)
3. Мирзораҷабов Фирӯз (55кг)
4. Шарипов Давлаталӣ (60кг)
5. Собиров Нозимҷон (65кг)
6. Очилов Шероз (71кг)
7. Саидзода Султон (82кг)

Гуштини тарзи озод:
1. Қодиров Ҷамшед (51кг)
2. Ахмедов Мустафо (65кг)
3. Ашрафхонов Саидасан (71кг)
4. Шукуров Абубакр (80кг)
5. Раҷабов Исмоил (92кг)
6. Маҳмадалиев Меҳроб (110кг)

Барномаи Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон:
4 июл
Гӯштини юнонӣ-римӣ: 45, 48, 51, 55, 60, 92, 110кг

5 июл
Гӯштини юнонӣ-римӣ: 65, 71, 80кг, Гӯштини занона: 40, 46, 53, 61, 69кг

6 июл
Гӯштини занона: 43, 49, 57, 65, 73кг, Гӯштини тарзи озод: 65, 71, 80кг

7 июл
Гӯштини тарзи озод: 45, 48, 51, 55, 60, 92, 110кг

Эзоҳ: рақобатҳои муқаддамотӣ аз соати 10:30 то 14:00. Финал аз соати 17:00 то 19:30 бо вақти Душанбе

 

Июль 3, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад