Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд

Июль 27, 2019 10:22

ДУШАНБЕ, 27.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 июли соли 2019 дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғзистон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доир гардид.

Сарони ду давлат натиҷаҳои музокиротро, ки қабл аз ин дар шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои эътимоди комил, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд, инчунин мулоқот бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҷамъбаст карданд.

Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, самтҳои афзалиятноки таъмиқи минбаъдаи онҳоро муайян намуданд.

Бо таъкиди имкониятҳои васеъ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати афзоиши гардиши мутақобилаи мол чораҳои зарурӣ андешида, ба роҳандозии робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории бузург ва миёнаву хурд, ки нишондиҳандаи сатҳи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд, мусоидат намоянд.

Ҳамчунин мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сурат гирифта, амалҳои муштараки минбаъда дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба муайян карда шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои масъалаҳои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар арсаи обу энергетика мавриди баррасӣ қарор доштанд. Қайд гардид, ки ба кор андохтани иқтидорҳои гидроэнергетикии ҷонибҳо бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои минтақа барои Тоҷикистон ва Қирғизистон аҳаммияти фарогир дорад. Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоқикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор – 2030 ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки берун аз миқёси он такони мусбат хоҳад бахшид.

Аҳаммияти таҳкими эътимод миёни мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус дар минтақаҳои наздсарҳадӣ, ба таври хосса таъкид карда шуд. Зарурати ба роҳ мондани амалияи  мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак, иштироки ҷонибҳо дар консертҳо ва фестивалҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, варзиш ва сайёҳӣ қайд карда шуд.

Бо мақсади фаъол гардонидани ҳамкориҳо миёни минтақаҳои ду кишвар Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои бародаршаҳриро миёни шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишварҳояшон барпо намоянд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков 27.07.2019

Июль 27, 2019 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд