Профессори немис барои табобати Осия ба Тоҷикистон омад

Июль 1, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 01.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Барои табобати ноболиғ Осия Зулфонова,  ки 19 июни соли равон бо ҷароҳатҳои вазнини аз сӯхтор бардошта дар шуъбаи бемориҳои сӯхтаи беморхонаи № 3 шаҳри Душанбе бистарӣ гашта буд, аз Ҷумҳурии Федеративии Германия профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (комбусталогия) ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ташриф овард.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Эдгар Бимер таърихи бемории З.Осияро пешакӣ омӯхта, бо худ тамоми дорувории заруриро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст.

Номбурда изҳор дошт, ки дар якҷоягӣ бо табибони тоҷик муолиҷаро давом дода, барои ҳарчи тезтар барқарор намудани саломатии номбурда тамоми кӯшишу ғайратро ба кор мебарад.

Ҳамзамон профессор Эдгар Бимер изҳори омодагӣ кард, ки дар муоина ва табобати дигар беморони вазнини хурдсоли ин беморхона, ки ин шабу рӯз ба бемориҳои гуногуни сӯхтани бадан гирифторанд, саҳм хоҳад гузошт.

Бояд зикр намуд, ки ин қазия  зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад.

Июль 1, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад