ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар ҷаҳон чанд мамлакат мавҷуд аст?

Июль 30, 2019 11:30

ДУШАНБЕ, 30.07.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Суқрот дар вақташ гуфта буд: «Ман медонам, ки ҳеҷ чизро намедонам». Ва Антон Чехов гуфтааст: «Ҳама чиро танҳо даунҳо (одамони  ноқисулақл) ва лутиҳо (қаллобон ва фиребгарон) медонанд. Касони солим ҳамеша ниёз ба пурсиш доранд…».

Аз ифтитоҳи бахши нави АМИТ «Ховар» —  «Пурсед, ҷавоб медиҳем» зиёда аз як моҳ сипарӣ шуд ва хонандагонамон ба мо саволҳои зиёдеро пешниҳод намуданд. Мо бошем дар навбати худ кӯшиш мекунем бо истифода аз назари роҳбарону мутахассисони вазорату идораҳо, коршиносон, таҳлилгарон, сиёсатшиносон ва олимону нависандагон ба саволҳои ҳар яки шумо ҷавоб диҳем.

 САВОЛ: Дар бораи шумораи умумии мамлакатҳо дар ҷаҳон   маълумоти мухталиф мавҷуданд. Мехоҳам бидонам, ки адади расмӣ ва эътирофгардидаи онҳо ба чанд мерасад?

Ифтихор Аскаршо,
донишҷӯи факултети молия ва қарзи
 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 Ба ин савол шореҳи АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР чунин посух медиҳад:

 — Шумораи умумии мамлакатҳо дар натиҷаи ҳодисаҳои мухталифи сиёсӣ ҳамеша тағйир меёбад. Бояд гуфт, ки дар навбати аввал аз сабаби баҳснок ё мақоми гуногун доштани онҳо ба даст овардани маълумот дар ин самт ғайриимкон мебошад. Бо назардошти меъёрҳои гуногунии ҳисобкунӣ адади мамлакатҳо метавонад мухталиф бошад, зеро то кунун қоидаи  маъмуле, ки онҳо бояд эътироф гарданд ё не, мавҷуд нест. Дар таҷриба эътирофкунии дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳо ба мушоҳида мерасад. Дар ин самт метавон чунин гуфт, ки масалан Федератсияи Россия Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро эътироф намуда бошад ҳам, аммо аксарияти мамлакатҳо онҳоро напазируфтаанд.

Тавре аз маълумоти дар сомонаи Созмони Милали Муттаҳид нашршуда бармеояд, айни замон 193 мамлакат узви ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ мебошанд.

Дар миёни давлатҳое, ки аз ҷониби  СММ ҳамчун кишвари соҳибистиқлол эътироф гардидаанд, танҳо Ватикан ба он шомил нест. Мамлакатҳои Фаластин, Ҷумҳурии Демократии Арабии Сахара, Ҷумҳурии Чин (Тайван), Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Косово ва Ҷумҳурии Туркӣ дар шимоли Кипр аз ҷумлаи қисман эътирофгардида ба шумор мераванд.

Бояд зикр намуд, ки Ватикан  ва Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид мақоми нозири доимӣ доранд. Ин ду мамлакат дар ҳама чорабиниҳои расмии СММ иштирок намоянд ҳам, вале дар Асамблеяи Генералӣ овоз дода наметавонанд.

Гуфтанист, ки дар ҷаҳон даҳҳо қаламраве мавҷуданд, ки гарчанде дар асл онҳо ҳудуди тобеъ дошта, аз ҷониби дигар мамлакатҳо идора шаванд ҳам, иштибоҳан онҳоро давлат ном мебаранд. Мисоли ин Иттиҳоди Пуэрто-Рико шуда метавонад, ки тобеи Иёлоти Муттаҳидаи Америка  буда, дорои мақоми «ҳудудҳои муташаккилона» мебошад- қаламраве, ки ҳокимияти олӣ ба Конгресси ИМА тааллуқ дошта, аммо ин ҳудуд дорои низоми худидоракунист.

Агар шумораи мамлакатҳоро ба таври аниқ ҳисоб намоем, чунин ба назар мерасад, ки ғайр аз мамлакатҳои қаламрави вобастадошта ва бо мақоми давлат эътирофнашуда, шумораи онҳо дар ҷаҳон 195  ададро дарбар мегирад.    Аз ин шумора, 54   мамлакат  дар Африқо, 48— дар Осиё, 44- дар Аврупо, 23- дар Америкаи Шимолӣ, 12- дар Америкаи Ҷанубӣ ва 14  мамлакат   дар Океанияву Австралия ҷойгир мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки агар мо соҳибистиқлолии мамлакатҳоро ба назар гирем, дар ин ҳол шумораи онҳо тағйир меёбад. Дар ҷаҳон 70 мамлакате мавҷуданд, ки пурра мустақил набуда, ҳамчун давлат тасниф карда мешаванд. Ин гуна мамлакатҳо парлумони интихобшудаи худро доранд, ки Тайван аз зумраи онҳост.

Ба ҳамин минвол,  бино ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, шумораи давлатҳои соҳибистиқлоле, ки дар сатҳи ҷаҳон эътироф гардида, узви ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ мебошанд, ба 193 адад баробар аст.

Ғайр аз мамлакатҳои узви СММ дар ҷаҳон даҳҳо мамлакатҳои эътирофнашуда ва ё қисман эътирофгардида, инчунин зиёда аз 70 кишвари дорои мақоми баҳснок мавҷуданд, ки дар маҷмӯъ адади  ҳамаи онҳо  ба 266 мерасад.

ХОНАНДАГОНИ ГИРОМӢ, аз бахши мо — «Пурсед, ҷавоб медиҳем» истифода намоед. Ин бахш ба Шумо имкон медиҳад, ки ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳатон аз роҳбарон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷавобҳои мушаххас гиред. Саволҳои худро метавонед ба воситаи почтаи электронии зерин ирсол намоед: vopros-otvet@khovar.tj

Пурсед, ҳатман ҷавоб медиҳем!

 

Июль 30, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ! Кадом ташкилотҳо дар Тоҷикистон расман террористию экстремистӣ эълон карда шудаанд?
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ! Хонандагон донистан мехоҳанд, ки дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кӣ ба кадом вазифа таъйин шуд
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ! Даври нимниҳоии «Евровидение-2021»-ро бо иштироки Манижа дар куҷо ва кай метавон тамошо кард?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Минбаъд насаб, ном ва номи падар бо кадом тарз дигар карда мешавад, бақайдгирии давлатии он чи тавр сурат мегирад ва умуман ин кор чӣ аҳамият дорад?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Интиқол надодани ҷасади майит дар ҳолати ногувори пешомада: ҳукми шаръии ин ҳолат чӣ гуна аст?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Маблағгузории сарикасӣ: ҳадафи ҷорӣ намудани механизми мазкур дар чист?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъмории шаҳри Душанбе кадомҳоянд?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Re-Export чист ва зери мафҳуми «реэкспорти мол» чиро бояд фаҳмид?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ шудан ба донишгоҳҳо чӣ афзалият медиҳад?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта ба куҷо бояд муроҷиат кард?
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Боз дар бораи симкортҳо, корти идентификатсионӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шабакаҳои алоқаи барқӣ ва муштариёни онҳо
ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ чист ва бо кадом мақсад роҳандозӣ карда мешавад?