ПУРСЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ чист ва бо кадом мақсад роҳандозӣ карда мешавад?

Июль 16, 2019 17:32

ДУШАНБЕ, 16.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре маълум аст, дар Тоҷикистон раванди гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҷараён дорад, ки он дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» гузаронида мешавад. Яке аз хонандагони сомона  вобаста ба ин бо саволи мушаххас ба мо муроҷиат намудааст.

САВОЛ: Мехоҳам бидонам, ки ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ чист ва чӣ афзалият дорад? Он бо кадом мақсад роҳандозӣ карда мешавад? Умуман то имрӯз дар мамлакат дар ин самт чӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд?

Нишоти МАҲМУД,
сокини шаҳри Душанбе

Ба ин савол мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлил ва рушди хизматрасониҳои молиявии рақамии Идораи низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс АБДУҒАНИЕВ   чунин  посух дод:

-Ҳисоббаробаркунии (пардохтҳои) ғайринақдӣ– ин анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо байни пардохткунанда ва гирандаи маблағ бе истифодаи пули нақд мебошад, ки бо роҳи интиқоли маблағ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ, аз ҷумла кортҳои пардохтии бонкӣ, Интернет-бонкинг, бонкдории мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ амалӣ карда мешавад.         Воситаҳои электронии пардохтӣ ҳамчун василаи самараноки ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дорои як қатор афзалияту бартариҳо мебошанд, ки ба таври зайл метавон онро шарҳ дод:

— барои муштарӣ: осону қулай анҷом додани ҳисоббарорбаркунӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ,  хавфи ночизи аз даст додани маблағҳои пулӣ, ҷозибии молиявӣ (масалан, ҳисоби фоиз) ва ғайра;

— барои марказҳои савдо ва хизматрасонӣ: рушди савдо ва ҷалби харидорони нав, камшавии хароҷот аз инкассатсияи маблағҳои савдо;

— барои бонкҳо: васеъ намудани маҷмӯи хизматрасониҳо, ҷалби муштариёни нав, афзоиши иқтидори рақобатпазирии бонк, ҷамъоварии ҳаққи хизмати иловагӣ ва ғайра.

Таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ, таҳлилу тадқиқоти гузаронидаи институтҳои бонуфузи байналмилалӣ ва бонкҳои марказӣ нишон медиҳад, ки истифодаи оммавии воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо ба шаффоф гардидани ҷараёнҳои молиявӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва ба зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо мусоидат менамояд.

Зикр намудан зарур аст, ки ба таври ғайринақдӣ анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо ҳангоми хариди молу хизматрасониҳо муомилоти пулии муассисаҳои савдою хизматрасониро шаффоф мегардонад. Яъне, дар мавриди ба таври ғайринақдӣ анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо пинҳон намудани амалиёти пулии муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ғайриимкон мегардад.

Бинобар ин, як қисми соҳибкорон (муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ) бо сабаби набудани имтиёзҳои андозӣ ҳангоми гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, барои нишон додани муомилоти пулӣ ва даромадҳои аслии худ ҳавасманд набуда, ҳисоббаробаркуниҳоро танҳо ба таври нақдӣ анҷом медиҳанд.

Дар ин маврид, зиёд будани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ дар муомилоти пулӣ мутаносибан ҳиссаи иқтисодиёти пинҳониро афзоиш дода, ҷараёнҳои молиявиро ношаффоф мегардонад ва воридшавии маблағҳои андозиро ба буҷети давлат коҳиш медиҳад. Аз тарафи дигар, омили мазкур фишорҳои таваррумӣ ва қурбиро афзун менамояд ва босамар татбиқ гардидани сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлатро мушкил месозад.

Дар хусуси корҳои дар ин самт анҷомдодашуда метавон зикр намуд, ки айни замон барои ривоҷу равнақ додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар мамлакат қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» ва «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» қабул гардидаанд.

Баҳри иҷрои қарорҳои зикргардида Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ мунтазам ҷаласаҳои корӣ гузаронида, масъалаи ба ҷомеа дастрас намудани имконияти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани молу хизматрасониҳо, аз ҷумла, хизматрасониҳои пулакии давлатӣ ва мушкилиҳои ҷойдоштаро дар ин самт муҳокима менамоянд.

Мақомоти давлатӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба иҷрои супоришҳои дар ин самт додашуда  корҳои заруриро анҷом дода, айни замон як қатор хизматрасониҳои қабули пардохтҳои ғайринақдиро тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ мавриди истифода қарор дода истодаанд.

Таҳти сарпарастии Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва маркази протсессингии НПМ «Корти миллӣ«»-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» бо назардошти талаботи Кумитаи андоз қабули андозҳо ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии НПМ «Корти миллӣ» тавассути шабакаи Интернет ба роҳ монда шуд.

Айни замон андозсупорандагон метавонанд 24 соат дар як шабонарӯз ва 7 рӯз дар як ҳафта бе ташриф овардан ба нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ маблағи андоз аз объектҳои ғайриманқул, андози замин, воситаҳои нақлиёт ва боҷи давлатиро бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ («Корти миллӣ» ва Visa) тавассути сомонаи Кумита дар шабакаи Интернет пардохт намоянд.

Дар нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар маҷмӯъ 3 ҳазору 261 адад терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ насб гардида, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,1  фоизё 715 адад зиёд мебошад.

Илова бар ин, як қатор ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ технологияҳои муосири пардохтӣ, аз қабили бонкдории мобилӣ, Интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва маблағҳои электрониро татбиқ намуда, ба аҳолӣ имконияти осону қулай ва ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани молу хизматрасониҳоро бо муваффақият пешниҳод намуда истодаанд.

Дар натиҷа, дар нимсолаи якуми соли 2019 тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ дар маҷмӯъ 17,1 млн. адад амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 367,8 млн. сомонӣ гузаронида шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 аз рӯи шумора 34 маротиба ва аз рӯи ҳаҷми амалиётҳои гузаронидашуда 65,3 фоиз зиёд мебошад.

ХОНАНДАГОНИ ГИРОМӢ, аз бахши мо — «Пурсед, ҷавоб медиҳем» истифода намоед. Ин бахш ба шумо имкон медиҳад, ки ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳатон аз роҳбарон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷавобҳои мушаххас гиред. Саволҳои худро метавонед ба воситаи почтаи электронии зерин ирсол намоед: vopros-otvet@khovar.tj

Пурсед, ҳатман ҷавоб медиҳем!

 

Июль 16, 2019 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1118 то 0.1190 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1121 то 0.1105 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9294 то 10.9500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1096 то 0.1095 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9269 то 10.9500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1081 то 0.1080 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.3719 то 11.2000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1081 то 0.1080 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.4580 то 11.3000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9212 то 10.9300 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Куала-Лумпур густариши муносибатҳои судманд байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуд