100-сомонии ҷашнии Тоҷикистон беҳтарин банкнотаи ҷашнии соли 2025 дониста шуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 100-сомонии ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муносибати 25-солагии барориши пули миллӣ— сомонӣ ба муомилот бароварда шудааст, дар озмуни байналмилалии High Security Printing дар номинатсияи «Беҳтарин банкнотаи ҷашнӣ дар соли 2025» сазовори ҷоизаи олӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
2 декабр дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия озмуни байналмилалии High Security Printing баргузор шуда, ҷоизаи олӣ ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ супорида шуд.
Зимни муаррифии пули ҷашнӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо рӯнамо дар мавзуи «Вақте ки анъанаҳо бо технологияи муосир ва бехатар омезиш меёбанд» ба иштирокдорон оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи 25 соли ба муомилот баровардани пули миллӣ — сомонӣ ва хусусияти банкнотаи пули ҷашнӣ маълумот дод.
Ёдовар мешавем, ки High Security Printing яке аз озмунҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, ҳамасола дар доираи конфронсҳои байналмилалӣ барои навовариҳои беҳтарин дар самти таҳияи маблағҳои пулӣ ва ҳуҷҷатҳои дорои сатҳи баланди ҳимоя гузаронида мешавад. Дар озмун аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ба банкнотаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои махсуси давлатҳои гуногун аз рӯйи сатҳи ҳифз, тарроҳӣ ва навовариҳои технологӣ баҳо гузошта мешавад.
Дар озмун ба маҷмуи сифатҳои банкнотаҳо — ороиши бадеӣ, ҳунари тарроҳӣ, навовариҳои технологӣ ва рамзҳо, ки симои фарҳангӣ ва миллии давлати эмитентро инъикос менамоянд, баҳои касбӣ дода мешавад.
Банкнотаи ҷашнии арзишаш 100 сомонӣ 30 октябри соли 2025 ба муомилот бароварда шуд. Он нахустин пули ҷашнии коғазӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба санаи муҳим бахшида шудааст.
Мукофоти High Security Printing на танҳо эътирофи байналмилалии сатҳи баланди маҳорати тарроҳон ва мутахассисони ватанӣ, балки ҳамзамон нишондиҳандаи талошҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар истифодаи технологияи пешрафта бо омезиши урфу анъана ва арҷгузорӣ ба ниёгон дар истеҳсоли пули миллӣ мебошад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






