Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии омилҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу омилҳое, ки ба содир гардидани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ мусоидат мекунанд ва татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷаласа доир шуд.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа иштирокчиён таъсири манфии коррупсия ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, пайомадҳои он ва роҳҳои пурзӯр намудани мубориза бо ин зуҳуроти номатлубро муҳокима намуданд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ иброз дошт, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди ҷомеа буда, эътимодро коҳиш медиҳад, муҳити иқтисодиро халалдор месозад ва бар хилофи принсипҳои адолати иҷтимоӣ амал менамояд.
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди коррупсия заминаҳои устувори ҳуқуқию ташкили муборизаро фароҳам овардааст.
Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, ҳар шаҳрванд бояд бо ин зуҳурот муқовимат намояд ва дар пешгирии он саҳм гузорад.
«Дар мубориза бо амалҳои коррупсионӣ бетарафӣ раво нест ва ҳар шахс бояд дар раванди ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ саҳм гузорад», — баён гардид дар ҷаласа.
Ба иштирокчиён зарурати тақвияти доимии корҳои пешгирӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани муҳити оштинопазир нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фаҳмонида шуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд






