Саида Умарзода: «Сирояти Вируси норасоии масунияти одам дар байни кӯдакон кам мешавад»

Июль 25, 2019 14:10

ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паҳншавии сирояти Вируси норасоии  масунияти одам (ВНМО) дар байни кӯдакони то 18-сола сол аз сол кам шуда истодааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода иброз дошт.

Ба гуфтаи номбурда, соли 2013  ВНМО дар байни кӯдакон 12,3 фоизро ташкил медод, ки ин нишондод  дар 6 моҳи соли 2019 то ба 10,1 фоиз  паст фаромадааст.  Ҳамчунин тамоили паҳншавии сироят бо роҳи аз модар ба кӯдак ва паҳншавии сироят дар байни нашъамандони тазриқӣ низ ба тадриҷ кам шудааст.

Зикр карда шуд, ки сирояти ВНМО зери назорат буда, солҳои охир ҷиҳати пешгирии он дар ҷумҳурӣ корҳои зиёд  ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, заминаи моддию техникии  муассисаҳои соҳаи тандурустӣ беҳтар гардида, тамоми имкониятҳо баҳри дарёфту муайянсозӣ, пешниҳоди табобатҳои махсус ва назорату расонидани кумакҳои палиативӣ ба беморону сироятёфтагон фароҳам оварда шудаанд.

Нишондоди фарогирӣ ба табобат беҳтар гардида, аз 8 ҳазору  308 нафар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда 6 ҳазору 400  нафар табобатро идома дода истодаанд, ки 77,1 фоизро ташкил медиҳад.  Ин нишондиҳанда сол аз сол беҳтар мегардад.

Гуфта шуд, ки таъсири мусбати табобати зиддиретровирусӣ ба сироятёфтагон ба кам гардидани  фавт дар байни гирифторони ВНМО сабаб гардида, фоизи фавтидагон аз шумораи дарёфтшудагон дар давраи ҳисоботӣ  ба 2,7 фоиз баробар гаштааст. Ин рақам соли 2013 13,3 фоизро ташкил медод.

С.Умарзода иброз намуд, ки яке аз роҳҳои паст намудани шиддати паҳншавии сирояти мазкур- ин баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ мебошад. Дар 5 соли охир миёни зиёда аз 700 ҳазор нафар аҳолӣ оид ба сирояти ВНМО, роҳҳои паҳншавӣ ва пешгирии он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд.

 

Июль 25, 2019 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд