САЙЁҲОН ДАР МАКОНИ АМН. Як сол қабл дар Тоҷикистон милитсияи сайёҳӣ таъсис ёфта, имрӯз фаъолияти худро густурда намудааст
ДУШАНБЕ, 17.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Як сол қабл, баъд аз ҳодисае, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайваст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон милитсияи сайёҳӣ ташкил карда шуд. Тавре қаблан иттилоъ додем, 29 июли соли сипаригардида дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара ронанда – террорист ба гурӯҳи велосипедронон ҳамла кард, ки дар натиҷа 3 нафар дар ҷойи ҳодиса ва як нафар дар беморхона ба ҳалокат расиданд.
Имрӯз шуъбачаи милтсияи сайёҳӣ, ки дар назди шуъбаи экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, вазифааш таъмини бехатарии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави мамлакат ба шумор меравад, имкониятҳои худро тақвият бахшида истодааст.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз бехатарӣ яке аз омилҳои таъсиргузор дар рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар Тоҷикистон ба хотири он ки барои шаҳрвандони хориҷӣ дар инҷо будан роҳат бошад, онҳо худро дар ҷойи амн эҳсос намоянд, ба инҷо ташриф оварда, аз мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихию археологӣ ва дигар дастовардҳои он боздид намоянд, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Маҳз дар ин мавзеъҳо, инчунин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва истгоҳи роҳи оҳан нуқтаҳои милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардиданд. Чанде пеш чунин нуқтаҳои хизматрасонӣ дар Қалъаи Ҳисор ва гузаргоҳи наздисарҳадии «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода ифтитоҳ гардиданд. Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи онҳо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Нуқтаҳои хизматрасонӣ тасодуфан ифтитоҳ нагардида, балки ба инҷо сайёҳони дохиливу хориҷӣ бештар ташриф меоранд. Дар шашмоҳаи аввали соли равон ба шаҳри Ҳисор 44 ҳазору 794 сайёҳ ворид гардидаанд, ки аз инҳо 3 ҳазору 368 нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳад. Хусусан, аз мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор дар ин давра 20 ҳазору 835 нафар сайёҳ дидан кардаанд, ки аз онҳо 4 ҳазору 019 нафарашон хориҷиён мебошанд.
Айни замон милитсияи сайёҳӣ бо ҳамаи лавозимоти техникӣ таъмин гардида, дар ҳамаи вилоятҳои мамлакат фаъолият дорад. Он дар баробари ҳамкории зич бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои таъмини амнияти сайёҳон ва хизматрасонии босифат ба онҳо тадбирҳои иловагӣ андешад. Аз ҷониби шуъбача «Корт барои сайёҳон» ва «Шиноснома барои сайёҳон» омода гардида, дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграмм» фаъол мебошад.
Тавре аз суҳбатҳо аён гардид, сайёҳони зиёде, ки аввалин маротиба ба мавзеъҳои таърихӣ ташриф овардаанд, аз онҳо таассуроти фаромӯшнопазир бардоштаанд.
«Солҳои зиёд мо орзу мекардем, ки ба мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистон сафар карда, бо ҳаёти шаҳрвандони мамлакати ҳамсоя шинос шавем. Ба назари ман, сол аз сол имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида истодаанд», — зикр намуд Муҳаррама Носирова, сайёҳ аз шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Ёдовар мешавем, ки милитсияи сайёҳӣ дар Тоыикистон баҳри таъмини амнияти сайёҳон ташкил гардида, масъалаҳои роҳбаладии сайёҳон, ба онҳо додани маълумоти зарурӣ, расонидани кумак ба сайёҳони хориҷӣ, ҳифзи манфиати онҳо, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни сайёҳон ва нисбат ба сайёҳонро ба уҳда дорад.

ДАР АКС: Милитсияи сайёҳӣ дар Душанбе ба сайёҳи амрикоӣ барои ёфтани ҳамён ва ҳуҷҷатҳояш кӯмак расонид
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамарӯза ба ин ҷузъи муҳими вазорат 100-200 нафар сайёҳ муроҷиат менамоянд. Кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ дар давраи фаъолияти худ ба зиёда аз 200 ҳазор сайёҳи дохилӣ ва хориҷӣ хизмат расонидаанд. Телефонҳои шуъбачаи милитсяи сайёҳии назди Шуъбаи экологии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон: 770 55 55 55










Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад






