Шамсиддин Орумбекзода: Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмону навсозии муассисаҳои фарҳангӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 26.0.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёди як зумра иншооти фарҳангиро ба нақша гирифтааст. Ин матлабро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода имрӯз, 26 июл зимни баргузории нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба зикри номбурда, дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои фарҳанги ноҳияҳои Мастчоҳ, Шаҳринав, Нуробод ва Данғара идома дошта, сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ба анҷом расонида шуд. Моҳи марти соли равон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен қасрҳои фарҳанг бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ба иловаи Вазири фарҳанг, дар ҷумҳурӣ корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ низ тибқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ба анҷом расонида мешавад.
«Тибқи нақшаи мазкур барои соли равон тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои меъмории Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Муъминобод, барқарорнамоии Мақбараи Шоҳи Хомўш, барқарорнамоии Мақбараи Хоҷаи Заррин, тармими Масҷиди Далёни Боло, тармими Мадрасаи Абдуллохон, Қалъаи Вамар ва таҳқиқҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои бостони Ҳулбук, Ямчун, Мадрасаи Хоҷа Машҳад ба нақша гирифта шудааст», -афзуд Шамсиддин Орумбекзода.
Ба иловаи Вазири фарҳанг, амалӣ намудани корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба нақшаи Барнома ворид гардида, инчунин дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба ҳифзу тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ»-«МДМЁ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.
«Корҳои тармим ва барқарорсозӣ дар ёдгории меъмории «Қасри Ҳоким»-и шаҳри Ҳисор, ки тибқи лоиҳаи «Барқарорнамоии ёдгориҳои шаҳри Ҳисор вобаста ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор» амалӣ мегарданд, дар давраи соли равон вобаста ба имкониятҳои молиявӣ мавқуф гузошта шудааст», -гуфт Шамсиддин Орумбекзода.
Мавсуф изҳор дошт, ки новобаста ба маҳдуд намудани норасоии воҳидҳои корӣ дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар маҳалҳо тибқи қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг аз ҳисоби маъмурияти муассисаҳои зертобеи вазорат ба таври сарборӣ нозирони минтақавӣ дар водии Зарафшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Хатлон таъйин гардида, ҳифзи мероси ғайриманқули мамлакатро ба таври ҷамъиятӣ таъмин менамоянд.








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






