«Шиори «Ман босмачӣ ҳастам» нишони бехирадист», «Гиреҳи афғонӣ: ҳама сулҳро мехоҳанд, аммо ба ҷанг омодагӣ мебинанд»,- шарҳи матбуоти даврӣ

Июль 25, 2019 14:16

ДУШАНБЕ, 25.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта асосан рӯзномаҳои расмии мамлакат — «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» матни Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи таъйиноти кадрӣ ва  якчанд қонунҳоро, ки 19 июли соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба имзо расиданд, ба  таври мукаммал  нашр намудаанд.

Дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» шумораи рӯзи 24  июли  соли равон (№141)   таҳти сарлавҳаи «Ноҳияи Фирдавсӣ. Мушкиле нест, ки осон нашавад!» мақолаи хабарнигори рӯзнома Ташрифулло Саъдулоев ба нашр расидааст. Рӯзноманигор  муроҷиати сокини бинои 20/2, хиёбони Саъдии Шерозии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  Назрулло Раҳимовро, ки   ба идораи рӯзнома  дар бораи  бартарафсозии мушкили истиқоматкунандагони  бинои мазкур ворид гардидааст,  мавриди таҳқиқ қарор додааст. Дар мақола мазмуни шикояти ин шаҳрванд  чунин оварда шудааст: «Бо сабаби набудани ҷӯйборҳои обпарто дар назди биноҳои 20/2, 20/5, 20/6, 20/7 – и хиёбони Саъдии Шерозӣ беш аз  15 сол боз  рӯзҳои боронӣ оби ифлос  ҷамъ мешавад ва сокинон  дар чунин айём бо мушкилӣ  гаштугузор менамоянд. Кӯдакон то бартарафшавии ҳавзҳои оби назди даромадгоҳи бино аз бозию сайру гашти беруна маҳрум шуда, кунҷи хона қарор мегиранд. Кор то ба дараҷае расидааст, ки ҳангоми боронҳои шадид оби ғуншудаи назди бинои 20/2 ба нуқтаи тақсимоти хати барқ наздик мешавад».

Номбурда  ҳамзамон  дар нома  ба унвони  рӯзнома нигоштааст, ки   ин аввалин шикояти  ӯ ва ҳамсоягонаш нест. Вобаста ба бартарафсозии мушкилӣ сокинон борҳо  ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва  сохторҳои дигари марбута  номаи шикоятӣ  навиштаанд, аммо мушкил ҳанӯз ҳам боқист.

«Ростӣ,  пеш аз он,  ки бо ҳолати кор шинос шавем, мо низ мушкилиро хеле вазнину печида  пиндоштему фикр кардем, ки ҳалли масъала харҷу заҳмати бисёр талаб менамояд. Чунки беш аз 15 сол ҳалли худро наёфтани мушкилӣ  дар назар масъалаи мураккаберо ҷилва медиҳад. Аммо  якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шоҳид гардидем, ки ҷӯйборҳои обпартои ин маҳалла аз хоку шағал пур шудаанд ва фақат тоза кардани онҳо  зарур аст.  Вале шигифтангез аст, ки ҳамин як кори якрӯзаю дурӯза солҳо аз назари роҳбарияти ноҳия дар канор мондааст. Солҳои тӯлонӣ аз назари роҳбарият ва масъулони ноҳия дар канор мондани як мушкили хурд гувоҳи бепарвоӣ ба мушкили сокинон аст»,- нигоштааст рӯзноманигор зимни таҳқиқи ин масъала.

Рӯзноманигор масъалаи мазкурро ҳамаҷониба  омӯхта, иброз доштааст, ки шояд бошандагони ин маҳал мисли шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои дигар метавонанд тариқи ҳашар бақияи корҳоро худ аҷом диҳанд.

«Мо ҳамарӯза шоҳид мегардем, ки дар бисёр гӯшаю канори дигари мамлакат сокинон аз як гиребон сар бароварда, на танҳо 50 – 100 метр қубур, балки чанд километр роҳ, иншоот ва хатҳои оби нӯшокӣ бунёд менамоянд. Аз он ки  масъулони ноҳия дар иҷрои вазифа саҳлангорӣ менамоянд, беҳтар аст, ки бошандагони маҳалла аз худ эҳсоси ватандӯстӣ нишон диҳанд ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута техникаҳои зарурӣ дастрас намуда, камбудиро бартараф созанд. Магар айб нест, ки дар як  маҳаллаи обод  ҳангоми боронгариҳо сокинон — зану мард шим то зону кашида, рӯ – рӯи хиштҳо гашту гузор намоянд?», -иброз доштааст муаллиф дар фарҷоми  матлабаш.

Дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамчунин хабарҳои ҷолиб оид ба баргузории нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон чоп шудаанд.

Дар нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№88-89 аз 23.07.2019)   таҳти сарлавҳаҳои «Фарҳод Камолзода: «Воридоти гӯшти мурғ тадриҷан кам шуд», «Орифи Хоҷазода: «Дар қитъаҳои  тақсимшуда корҳои сохтмонӣ ғайриқаноатбахш аст», «Беш аз 16 миллион сомонӣ ба давлат баргардонида шуд», «Дар сохтмони манзили дастрас»  41,2 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд» хабарҳо аз нишастҳои матбуотӣ  ба нашр расидаанд.

Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета»  (243.07.2019,№31)  дар шумораи навбатӣ  матни Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйироти кадрӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар сохторҳои  мамлакат  ва  як зумра  қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул ва аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ шуда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба имзо расонидааст,  нашр шудаанд.

«Таджикистан. Год спустя. Помним, скорбим, негодуем и осуждаем» — таҳти ин сарлавҳа мақолаи ҷомеашинос А.Пулатов дар саҳифаи аввали нашрия пешкаши хонандагон шудааст. Муаллифи мақола аз куштори сайёҳони хориҷӣ, ки 29 июли соли гузашта дар шоҳроҳи Кӯлоб-Данғара аз ҷониби ҷаллодони ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бераҳмона содир шуда буд, ёдоварӣ намуда, таъкид намудааст, ки давоми сӣ соли охир ҳазорон шахсони бегуноҳ қурбони ҷиноятҳои ташкилоти террористии наҳзати исломӣ шудаанд.

«Мутаассифона, Ҳ.Абдусамадов – саркардаи амали террористӣ, ки бевосита қатли сайёҳони дучархасавори хориҷиро идора ва амалӣ кардааст, аз содир шудани ҷинояти бесобиқа изҳори пушаймонӣ накардааст. Ин ҳолат бори дигар аз хатари ҷиддии роҳбарият, аъзо ва пуштибонони ташкилоти террористии наҳзати исломӣ, ки имрўзҳо дар кўчаҳои Аврупо гаштугузор доранд, шаҳодат медиҳад», -изҳори таассуф ва таъкид намудааст муаллиф.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (24.07.2019,№ 30)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ, инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Шиори «Ман босмачӣ ҳастам», нишони бехирадист», «Суду зиёни пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё», «Беаҳамиятӣ то ба кай?», «Зан ва мансаб», «Гиреҳи афғонӣ: ҳама сулҳро мехоҳанд, аммо ба ҷанг омодагӣ мебинанд», «Варзоб-Душанбе», «Сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон рӯ ба коҳиш аст», «Зи нопокзода мадоред умед» ва   ва ғайраҳо.

Дар пешгуфтори мақолаи «Шиори «Ман босмачӣ ҳастам», нишони бехирадист» омадааст, ки  устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Нуриддин Шаҳобиддинов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» мақолаеро ҷой дода, ки барои рӯшанфикрон метавонад дарси хуб бошад.

«Мавриди ёдоварист, ки ин донишманд рисолаи докториашро дар донишгоҳи Грайсфалди Германия  ҳимоя карда, муаллифи китобу рисолаҳо дар бораи Зардушт, Ибни Сино, Суҳарвардӣ, Нитше, пайвандҳои афкори фалсафии тоҷик ва ғарб буда, забонҳои немисӣ, русӣ ва англисиро медонад»,- омадааст дар идомаи пешгуфтори мазкур.

        Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2019 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд